Маркази тарҷумаи Равод — 62
3:92 [Эй муъминон] Ҳаргиз ба [манзалату савоби] накукорӣ даст намеёбед, магар он ки аз он чи дӯст медоред, инфоқ кунед; ва бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи инфоқ мекунед, доност
3:93 Ҳама ғизоҳо барои Бани Исроил ҳалол буд, магар он чи Исроил (Яъқуб) пеш аз нузули Таврот бар худ ҳаром карда буд. [Эй паёмбар, ба яҳудиён] Бигӯ: "Агар рост мегӯед [ва суханамро бовар надоред], Тавротро биёваред ва онро бихонед"
3:94 Пас, ҳар ки пас аз он бар Аллоҳ таоло дурӯғ бандад, ононанд, ки ситамгоранд
3:95 [Эй паймбар] Бигӯ: "Аллоҳ таоло [дар мавриди Яъқуб ва ҳар чи нозил фармудааст] рост гуфт; пас, аз оини Иброҳим пайравӣ кунед, ки ҳақгаро буд ва ҳаргиз дар зумраи мушрикон набуд"
3:96 Дар ҳақиқат, нахустин хонае, ки барои [ибодати] мардум қарор дода шуд, ҳамонест, ки дар Макка қарор дорад, ки пурбаракат ва [мояи] ҳидояти ҷаҳониён аст
3:97 Дар он [хона], нишонаҳои равшан, [аз ҷумла] мақоми Иброҳим аст ва [дигар ин ки] ҳар ки дохили он [ҳарам] шавад, дар амон хоҳад буд; ва бар мардум [воҷиб] аст, ки барои [ибодати] Аллоҳ таоло қасди он хона кунанд [албатта, барои] касе, ки тавоноии [молӣ ва ҷисмӣ] рафтан ба сӯйи онро дорад; ва ҳар ки [ба фаризаи ҳаҷ] куфр варзад, бе тардид, Аллоҳ таоло аз ҷаҳониён бениёз аст
3:98 [Эй паёмбар] Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро ба Аллоҳ таоло куфр меварзед? Ҳол он ки Аллоҳ таоло бар он чи мекунед, гувоҳ аст"
3:99 Бигӯ: "Эй аҳли китоб, чаро касеро, ки имон овардааст, аз роҳи Аллоҳ таоло бозмедоред ва онро мунҳариф [раҳгумзадаву гумроҳшуда] мехоҳед? Дар ҳоле ки шумо [худ ба дурустии он] гувоҳед; ва Аллоҳ таоло аз он чи мекунед, ғофил нест"
3:100 Эй касоне, ки имон овардаед, агар аз гурӯҳе аз аҳли китоб итоат кунед, шуморо пас аз имонатон ба куфр бозмегардонанд