Маркази тарҷумаи Равод — 577
74:48 Пас, шафоати шафоаткунандагон ба онҳо суде намебахшад
74:49 Пас, онҳоро чи шудааст, ки аз панд [-у тазаккур] рӯй гардондаанд?
74:50 Гӯӣ, ки гӯрхароне рамидаанд
74:51 Ки аз [муқобили] шер гурехтаанд
74:52 Балки ҳар кадом аз онҳо [таваққуъ дорад ва] мехоҳад, ки [ба ӯ] номае кушода [ва ҷудогона аз сӯйи Аллоҳ таоло] дода шавад
74:53 Ҳаргиз, чунин нест [ки онон мепиндоранд]! Балки онҳо аз [азоби] охират наметарсанд
74:54 На, чунин нест, ки онҳо мегӯянд, он [Қуръон] як тазаккур ва ёдоварӣ аст
74:55 Пас, ҳар касе, ки бихоҳад аз он панд гирад
74:56 Ва ёд намекунанд [ва панд намегиранд], магар ин ки Аллоҳ таоло бихоҳад. Ӯст, ки сазовори парво кардан ва омурзидан аст.
75:1 Ба рӯзи қиёмат савганд мехӯрам
75:2 Ва ба нафси маломатгар савганд мехӯрам
75:3 Оё инсон мепиндорад, ки [пас аз марг] ҳаргиз устухонҳояшро ҷамъ нахоҳем кард?
75:4 Оре, Мо қодирем, ки [ҳатто хутути сари] ангуштонашро яксону мураттаб кунем.
75:5 Балки инсон мехоҳад, ки [озодона ва бидуни тарс аз охират] дар гуноҳу бадкорӣ мудовимат кунад
75:6 [Аз ин рӯ] Мепурсад: «Рӯзи қиёмат кай хоҳад буд?»
75:7 Пас, ҳангоме ки чашм хира шавад
75:8 Ва моҳ тира [ва бе нур] гардад
75:9 Ва хуршеду моҳ як ҷо ҷамъ шаванд
75:10 Он рӯз инсон мегӯяд: «Роҳи гурез куҷост?»
75:11 Ҳаргиз! Ҳеҷ гурезгоҳе нест
75:12 Он рӯз қароргоҳ [-и ниҳоне] ба сӯйи Парвардигори туст
75:13 Ва дар он рӯз инсонро аз тамоми корҳое, ки аз пеш ё пас фиристода, огоҳ мекунанд
75:14 Балки инсон ба хубӣ бар хештан огоҳ аст
75:15 Агарчи [дар дифоъ аз худ] узрҳояшро дар миён оварад
75:16 [Эй паёмбар, ҳангоми нузули Қуръон] забонатро барои [такрор ва хондани] он шитобзада ҳаракат мадеҳ
75:17 Мусалламан, ҷамъоварӣ ва хондани он бар [уҳдаи] Мост
75:18 Пас, ҳар гоҳ [тавассути Ҷабраил] онро [бар ту] хондем, аз хондани ӯ пайравӣ кун
75:19 Сипас баён карданаш бар [уҳдаи] Мост