Маркази тарҷумаи Равод — 564
67:27 Пас, чун он [ваъда ва азоби илоҳӣ]-ро аз наздик бубинанд, чеҳраи касоне, ки кофир шудаанд, сиёҳу андӯҳгин мегардад ва [ба онон] гуфта мешавад: «Ин ҳамон чизе аст, ки дархост мекардед»
67:28 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар Аллоҳ таоло маро ва касонеро, ки бо ман ҳастанд, нобуд кунад, ё бар мо раҳмат оварад, пас, кист, ки кофиронро аз азоби дарднок паноҳ диҳад?»
67:29 Бигӯ: «Ӯ [Аллоҳи] Раҳмон аст? ба Ӯ имон овардаем ва бар Ӯ таваккал кардаем, пас, [эй кофирон] ба зудӣ хоҳед донист, ки чи касе дар гумроҳии ошкор аст»
67:30 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба ман хабар диҳед, агар оби [ошомидании] шумо [дар замин] фуру равад, чи касе метавонад барои шумо оби равону гуворо] биёварад?»
68:1 Нун.[1] Савганд ба қалам ва он чи менависанд
68:2 Ки ту [эй паёмбар] ба неъмат [ва фазли] Парвардигорат девона нестӣ
68:3 Ва барои ту подоше бепоён [дар пеш] аст
68:4 Ва яқинан ту ахлоқи бисёр наку ва волое дорӣ
68:5 Пас, ба зудӣ хоҳӣ дид ва онҳо [низ] хоҳанд дид,
68:6 ки кадом як аз шумо девона аст
68:7 Парвардигорат беҳтар медонад, чи касе аз роҳи Ӯ гумроҳ гашта ва [низ] Ӯ ба ҳидоятёфтагон донотар аст
68:8 Пас аз такзибкунандагон итоат макун
68:9 Онҳо дӯст медоранд [ва мехоҳанд], ки нармӣ [ва мадоро] кунӣ, то онон [низ] нармӣ [ва мадоро] кунанд
68:10 Ва аз ҳар фурумояе, ки бисёр савганд [-и дурӯғ] ёд мекунад, итоат макун
68:11 [Он ки] Бисёр айбҷуст ва ба суханчинӣ омадушуд мекунад
68:12 Ва бисёр монеи кори хайр ва мутаҷовизу гунаҳгор аст
68:13 Гузашта аз он, дурушту бетабор ва бадном аст
68:14 Бад-он хотир, ки соҳиби молу фарзандони бисёр аст
68:15 Ҳангоме ки оёти Мо бар ӯ хонда шавад, мегӯяд: «[Инҳо] Афсонаҳои гузаштагон аст»
68:16 Ба зудӣ бар бинии ӯ доғ [-и нангу расвоӣ] мениҳем