Маркази тарҷумаи Равод — 539
57:12 [Ин подоши бузург дар] Рӯзест, ки мардону занони муъминро менигарӣ, ки нурашон пеши рӯ ва дар самти росташон ба шитоб ҳаракат мекунад [ва ба онон хитоб мешавад]: «Имрӯз башорати боғҳое [аз биҳишт] бар шумо бод, ки ҷӯйборҳо аз зери [дарахтони] он ҷорӣ аст ва ҷовидона дар он ба сар хоҳед бурд. Ин аст ҳамон комёбии бузург».
57:13 Рӯзе, ки мардону занони мунофиқ ба муъминон мегӯянд: «Ба мо назаре бияфканед, то партаве аз нуратон баргирем». Ба онон гуфта мешавад: «Ба ақиб бозгардед ва касби нур кунед. Он гоҳ миёнашон деворе қарор мегирад, ки даре дорад, даруни он [ки ба сӯи муъминон аст] рӯ ба раҳмат аст ва берунаш [ки ба самти мунофиқон аст] рӯ ба азоб аст
57:14 [Мунофиқон] ба муъминон мегӯянд: «Магар мо [дар диндорӣ ва парастиш] ҳамроҳи шумо набудем?». Онон посух медиҳанд: «Бале, вале шумо [бо дурӯягӣ ва тазвир] худро ба фитна андохтед [ва ҳалок кардед] ва дар интизор [-и шикасти муъминон ва бозгашт ба ширку куфр] будед ва [дар бораи ёрӣ расонидани Аллоҳ таоло ба муъминон] тардид доштед ва орзуҳо [-и дурӯғин] фиребатон дод, то он ки фармон [-и маргатон аз ҷониби] Аллоҳ таоло дар ҳоле фаро расид, ки шайтон шуморо дар баробари Ӯ густох карда буд»
57:15 Имрӯз на аз шумо [мунофиқон] ғаромат мепазиранд ва на аз кофирон. Ҷойгоҳатон оташ аст, ки [ба ростӣ] шоистаи шумост ва чи бад саранҷоме аст!
57:16 Оё ҳангоми он фаро нарасидааст, ки дилҳои муъминон ба ёди Аллоҳ таоло ва каломи ҳаққе, ки нозил шудааст, фурутан шавад ва ҳамчун касоне набошанд, ки қаблан аҳли китоб буданд ва чун [аз биъсати паёмбаронашон] замоне тӯлонӣ бар онон гузашт, дилҳояшон сахт шуд ва бисёре аз онон аз динашон мунҳариф шуданд?
57:17 Огоҳ бошед, ки Аллоҳ таоло заминро пас аз хазону хушкиаш зинда месозад. [Эй мардум] Мусалламан, Мо нишонаҳо [-и тавону тадбири худ]-ро барои шумо ба равшанӣ баён кардаем, бошад, ки бияндешед
57:18 Бе гумон, мардону заноне, ки инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло қарзе наку медиҳанд, савобашон дучандон мегардад ва [дар охират] подоше фохир [-у нек] хоҳанд дошт