>

Маркази тарҷумаи Равод — 516

49:5 Ва агар сабр мекарданд, то худ барои мулоқоташон хориҷ шавӣ, барояшон беҳтар буд; ва Аллоҳ таоло омурзгору меҳрубон аст

49:6 Эй муъминон, агар шахси мунҳарифе хабаре бароятон оварад, таҳқиқ кунед, то мабодо надониста ба гурӯҳе [бегуноҳ] осеб бирасонед ва аз кардаи худ пушаймон шавед

49:7 Бидонед, ки расулуллоҳ миёни шумост [ва салоҳатонро беҳтар медонад]; агар дар бисёре аз умур аз [майлу назари] шумо пайравӣ кунад, дучори заҳмат мешавед; вале Аллоҳ таоло имонро маҳбуби шумо намуд ва онро дар қалбҳоятон биёрост [то ислом биёваред] ва куфру нофармонӣ ва саркаширо дар назаратон нохушоянд гардонд. Онон [ки ороста ба ин авсофанд] пӯяндагони роҳи ҳидоят ва камоланд

49:8 [Ин иноят] Ба унвони фазилату неъмате аз ҷониби Аллоҳ таоло [муқаррар шудааст] ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

49:9 Агар ду гурӯҳ аз муъминон бо ҳам даргир шуданд, миёнашон оштӣ барқарор кунед ва агар як гурӯҳ бар дигаре таҷовуз кард, бо гурӯҳи мутаҷовиз биҷангед, то ба фармони Аллоҳ таоло боз ояд; агар бозгашт, байнашон сулҳе одилона барқарор кунед ва ба адолат рафтор кунед, ки Аллоҳ таоло одилонро дӯст дорад

49:10 Албатта, муъминон бародари якдигаранд; пас, миёни бародарон оштӣ барқарор кунед ва аз Аллоҳ таоло парво кунед; бошад, ки мавриди раҳмат қарор гиред

49:11 Ҳаргиз набояд гурӯҳе [аз шумо] гурӯҳи дигареро масхара кунад; чи басо инон аз онон беҳтар бошанд; ва занон низ набояд занони дигарро масхара намоянд; чи басо инон аз онон бартар бошанд; ва аз якдигар айбҷӯӣ накунед; ва якдигарро бо лақабҳо [-и зишт] хитоб накунед [ки ин кор мисдоқи нофармонӣ аз авомири илоҳӣ аст]; ва бадтарин вижагӣ [барои як мусулмон] ин аст, ки пас аз имон овардан [фисқу] нофармонӣ кунад; ва онон, ки тавба накунанд, [нисбат ба нафси хеш] ситамгоранд