Маркази тарҷумаи Равод — 510
47:30 [Эй Паёмбар] агар мехостем, ононро ба ту нишон медодем, ки [ботини] эшонро аз зоҳирашон бозшиносӣ; ва мусалламан аз шеваи суханашон ба хубӣ ононро хоҳӣ шинохт ва [бидонед, ки] Аллоҳ таоло аз корҳоятон огоҳ аст
47:31 Ҳатман, [ҳамаи] шуморо озмоиш мекунем, то аз миёнатон муҷоҳидон ва шикебоёнро бозшиносем ва аҳволи шуморо меозмоем [то ростгӯён мушаххас гарданд]
47:32 Касоне, ки пас аз равшан шудани роҳи ҳидоят бар онон, куфр варзиданд ва мардумро аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва ба мухолифат бо паёмбар бархостанд, ҳаргиз зиёне ба Аллоҳ таоло нахоҳанд расонид ва [Аллоҳ таоло низ натиҷаи] аъмолашонро табоҳ хоҳад сохт
47:33 Эй муъминон, ба Аллоҳ таоло ва паёмбар итоат кунед ва [бо куфру риё] аъмоли [шоистаи] хешро табоҳ накунед
47:34 Касоне, ки куфр варзиданд ва [дигаронро низ] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд ва дар ҳоли куфр мурданд, Аллоҳ таоло ҳаргиз ононро нахоҳад омурзид
47:35 Пас, [эй муъминон аз рӯёрӯӣ бо душманон] сустӣ наварзед ва [аз тарси ҷанг ононро] ба сулҳу оштӣ даъват накунед, дар ҳоле ки шумо бартаред ва Аллоҳ таоло бо шумост ва аз [подоши] аъмолатон нахоҳад кост
47:36 Ба ростӣ, ки зиндагии дунё бозича ва саргармӣ аст; ва агар имон биёваред ва парҳезкорӣ кунед, [Аллоҳ таоло] подошатонро [бекаму кост] хоҳад дод ва [тамоми] амволатонро намехоҳад [балки мефармояд, ки закоташро бипардозед]
47:37 Агар [тамоми] онро аз шумо бихоҳад ва [бар ин дастур] исрор кунад, бухл меварзед ва [ин кор] кинаҳоятонро ошкор месозад
47:38 Огоҳ бошед! Шумо касоне ҳастед, ки барои инфоқ дар роҳи Аллоҳ таоло даъват мешавед, вале бархе аз шумо бухл меварзанд ва ҳар ки бухл биварзад, ба зиёни хеш бухл варзидааст ва Аллоҳ таоло бениёз аст ва [ин шумо ҳастед, ки] ниёзмандед ва агар [аз ислом ба сӯйи куфр] бозгардед, Аллоҳ таоло гурӯҳи дигареро ҷойгузинатон хоҳад кард, ки ҳамчун шумо [ба бухл мубтало] набошанд