>

Маркази тарҷумаи Равод — 495

43:74 Бе тардид, муҷримон дар азоби дузах ҷовидонанд

43:75 [Дар ҳоле ки азоб] аз онон коста намешавад ва дар яъсу ноумедӣ фурӯ рафтаанд

43:76 Мо ба онон ситам накардаем, балки онҳо худ ба хештан ситам мекарданд

43:77 [Дузахиён] Нигаҳбони оташро садо мезананд ва фарёд бар меоранд: «Эй Молик [кош] Парвардигорат кори моро яксара кунад [ва бимиронад]» Ӯ мегӯяд: «На, шумо [дар ин азоб] мондагоред»

43:78 Ба ростӣ, ҳақро барои шумо овардем, вале бештаратон аз он кароҳат доштед

43:79 Онон азми [худро барои тавтеа алайҳи ту] ҷазм карданд, Мо низ иродаи муҳкаме [бар ноком гузоштани эшон] дорем

43:80 Оё мепиндоранд, ки Мо суханони сиррӣ ва наҷвояшонро намешунавем? Оре, фариштагони Мо дар канорашон [ҳастанд ва ҳама чизро] сабт мекунанд

43:81 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Агар [ба фарзи маҳол Аллоҳи] Раҳмон фарзанде дошт, ман нахустин парастишгар [-и Ӯ] будам»

43:82 [Маъбуди яктое, ки] Парвардигори осмонҳо ва замин ва Арш аст, аз тавсифи [ҷоҳилонаи] онон муназзаҳ аст

43:83 Пас, [эй Паёмбар] ононро [ба ҳоли худ] бигузор, то ёвагӯӣ кунанд ва ба бозӣ саргарм бошанд, то саранҷом бо рӯзи мавъуд [қиёмат] мувоҷеҳ шаванд [ва сазои аъмолашонро бубинанд]

43:84 Ӯст, ки дар осмон ва замин маъбуд аст ва Ӯ ҳакими доност

43:85 Пурбаракат ва бузургвор аст касе, ки фармонравоии осмонҳову замин ва он чи миёни онҳост, аз они Ӯст ва огоҳӣ аз [лаҳзаи барпоии] растохез танҳо дар ихтиёри Ӯст ва [ҳамагӣ] ба пешгоҳи Ӯ бозгардонда мешавед

43:86 Касоне, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонанд, қодир ба шафоат нестанд, магар афроде, ки ба [калимаи тавҳид ва] ҳақ аз руи илм гувоҳӣ медиҳанд

43:87 Агар аз мушрикон бипурсӣ, чи касе ононро офаридааст, мусалламан, мегӯянд: «Аллоҳ таоло». Пас, чи гуна [аз ҳақ] бар мегарданд?

43:88 [Шикоят ва] Сухани паёмбар [ин буд]: «Парвардигоро, инон қавме ҳастанд, ки имон намеоваранд»

43:89 Пас, [эй Паёмбар] аз онон даргузар ва [барои раҳоӣ аз шаррашон] бигӯ: «Салом бар Шумо»! Ба зудӣ хоҳанд донист [ки азобашон чи гуна аст]