>

Маркази тарҷумаи Равод — 49

2:283 Агар дар сафар будед ва нависандае наёфтед [ки санади вомро бинависад, чизе] гарав бигиред ва агар яке аз шумо дигареро амин донист [ва чизе гарав нагирифт ва навиштаву гувоҳе низ надошт], он ки амин шумурда шудааст, бояд амонат [ва қарзи] худро бозпас диҳад ва бояд аз Аллоҳ таоло, ки Парвардигори ӯст, парво кунад; ва шаҳодатро китмон накунед ва [бидонед, ки] ҳар касе онро китмон кунад, бе шак, қалбаш гунаҳкор аст; ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, доност

2:284 Он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст. Агар он чиро дар дили худ доред, ошкор кунед ё пинҳонаш намоед, Аллоҳ таоло шуморо бар [асоси] он муҳосиба [бозпурсӣ] мекунад; пас, [бар асоси бахшиш ва раҳмати хеш] ҳар киро бихоҳад, мебахшад ва [аз рӯйи адолат ва ҳикматаш низ] ҳар киро бихоҳад, азоб мекунад; ва Аллоҳ таоло бар [анҷоми] ҳар коре тавоност

2:285 Расул [-и Аллоҳ таоло] ба он чи аз [сӯйи] Парвардигораш бар ӯ нозил шуда, имон овардааст ва муъминон [низ] ҳамагӣ ба Аллоҳ таоло ва фариштагону китобҳо ва паёмбаронаш имон овардаанд; [ва суханашон ин аст, ки]: "Миёни ҳеҷ як аз паёмбаронаш [дар имон ба эшон] тафовуте намегузорем" ва гуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем. Парвардигоро, омурзиши Туро [хоҳонем] ва бозгашти [тамоми умур] ба сӯйи Туст"

2:286 Аллоҳ таоло ҳеҷ касро ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф [уҳдадор] намекунад. Он чи [аз хубӣ] ба даст овардааст ба суди ӯст ва он чи [аз бадӣ] касб кардааст, ба зиёни ӯст. [Паёмбарон ва муъминон гуфтанд:] "Парвардигоро, агар фаромӯш ё хато кардем, моро бозхост макун. Парвардигоро, бори гарон [ва таклифи сангин] бар [дӯши] мо магзор; чунон ки онро [ба муҷозоти гуноҳ ва саркашӣ] бар [дӯши] касоне, ки пеш аз мо буданд [яҳудиён] ниҳодӣ. Парвардигоро, он чи, ки тоби таҳаммулашро надорем, бар [дӯши] мо магзор ва моро биёмурз ва ба мо раҳм кун. Ту ёр [-у корсози] моӣ; пас, моро бар гурӯҳи кофирон пирӯз гардон"