Маркази тарҷумаи Равод — 47
2:275 Касоне, ки рибо мехӯранд, [рӯзи қиёмат аз қабр] барнамехезанд; магар монанди бархостани касе, ки бар асари тамоси шайтон девона шудааст ва [наметавонад таодули худро ҳифз кунад]. Ин бад-он сабаб аст, ки онон [рибохорон] гуфтанд: "Доду ситад низ монанди рибост [ва ин ҳар ду молро афзун мекунад]"; дар ҳоле ки Аллоҳ таоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст. Пас, ҳар ки аз [ҷониби] Парвардигораш панде ба ӯ бирасад ва [аз рибохорӣ] даст бардорад, он чи гузашта ва [судҳое, ки қабл аз нузули ҳукми рибо дарёфт кардааст] аз они ӯст ва [дар мавриди оянда низ] кораш ба Аллоҳ таоло вогузор мешавад; ва [аммо] касоне, ки [ба рибохорӣ] бозмегарданд, аҳли оташанд ва дар он ҷовидонанд
2:276 Аллоҳ таоло риборо нобуд [ва бебаракат] мегардонад ва садақотро [бо изофа кардан бар савобаш] афзоиш [ва баракат] медиҳад; ва Аллоҳ таоло ҳеҷ кофири лаҷуҷу гунаҳгореро дӯст намедорад
2:277 Касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд ва намоз барпо доштаанд ва закот пардохтаанд, подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст; на тарсе хоҳанд дошт ва на андӯҳгин мешаванд
2:278 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва агар муъмин ҳастед, он чиро, ки аз [мутолиботи] рибо боқӣ мондааст, раҳо кунед
2:279 Агар [чунин] накардед, бидонед, ки Аллоҳ таоло ва расулаш бо шумо пайкор хоҳанд кард; ва агар тавба кардед, асли сармояҳоятон аз они шумост; на [бо гирифтани суди сармояатон ба касе] ситам мекунед ва на [бо чашмпӯшӣ аз он суди ҳаром] бар шумо ситам меравад
2:280 Ва агар [шахси қарздор] тангдаст бувад, то [ҳангоми] кушоиш [ва тавоноии бозпардохт ба ӯ] муҳлат диҳед ва [агар тавоноии пардохт надошт], бахшидани он [қарз] бароятон беҳтар аст, агар [савоби ин корро] бидонед
2:281 Ва аз [азоби] рӯзе битарсед, ки дар он ба сӯйи Аллоҳ таоло бозгардонда мешавед; сипас ба ҳар кас [подоши] он чи анҷом додааст, ба таври комил дода мешавад ва ба онон ситам нахоҳад шуд