Маркази тарҷумаи Равод — 430
34:15 Дар маҳалли сукунати [қавми] «Сабаъ» ду боғ [бузург] аз рост ва чап [қарор дошт], ки нишонае [аз қудрат ва бахшиши илоҳӣ] буд. [Ба онон гуфтем] «Аз рӯзии Парвардигоратон бихӯред ва шукргузораш бошед, [ки] сарзамине пок ва Парвардигоре омурзанда [доред]
34:16 Аммо онон [аз шукр ва имон] рӯй гардонданд; пас, Мо сели вайронгар ба сӯяшон равон кардем ва ду боғи [пурмаҳсули] ононро ба ду боғи [беарзиш] табдил намудем, [ки танҳо] меваҳои талх ва дарахти шӯрагаз ва андаке дарахти сидр дошт
34:17 Мо ононро ба сазои носипосиашон, инчунин, кайфар додем ва оё ҷуз носипосро кайфар медиҳем?
34:18 Ва [ҳамчунин] миёни онҳо [қавми Сабаъ дар Яман] ва сарзаминҳое, ки ба онҳо баракат дода будем, [Шом] шаҳрҳое [хуррам ва] ба ҳам пайваста қарор додем ва сайру сафаре [осон] дар он муқаррар намудем [ва ба онон гуфтем] «Шабу рӯз байни онҳо эмин [ва осуда] сафар кунед»
34:19 Аммо онон [бо носипосӣ] гуфтанд: «Парвардигоро, миёни сафарҳои мо фосила [-и бештаре] эҷод кун [то арзиши аспҳо ва шутурҳоямон намоён гардад ва бенавоён натавонанд ҳамчун сарватмандон ба роҳати сафар кунанд]» ва ба хештан ситам карданд; пас, Мо [низ саргузашти] ононро достоне [ибратомӯз] барои дигарон сохтем ва сахт [муталошӣ ва] парокандаашон намудем. Ба ростӣ, ки дар ин [моҷаро] барои ҳар шикебоӣ сипосгузор, нишонаҳое [аз қудрати илоҳӣ] аст
34:20 Ва яқинан, иблис гумони худро дар мавриди онон ба таҳаққуқ расонд; пас, ҷуз гурӯҳе [андак] аз муъминон, [ҳамагӣ] аз ӯ пайравӣ карданд
34:21 [Шайтон] бар онон ҳеҷ тасаллуте надошт; балки [Мо мехостем] касеро, ки ба охират имон дорад, аз касе, ки дар бораи он тардид дорад, боз шиносем; ва Парвардигорат бар ҳар чизе нигаҳбон аст
34:22 [Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Касонеро, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ёвар ва шафоатгари худ] мепиндоред, [ба фарёд] бихонед. Онон ҳатто ҳамсанги заррае дар осмонҳо ва замин молики чизе нестанд ва на дар [офариниш ва тадбири] он ду [замину осмон] ширкате доранд ва на Ӯ [ Аллоҳ таоло] аз ҷониби онон ҳеҷ пуштибоне дорад