Маркази тарҷумаи Равод — 407
30:25 Ва аз нишонаҳои Ӯ [ин] аст, ки осмонҳо ва замин ба фармонаш барпост ва [рӯзи қиёмат] ҳангоме ки бо нидое шуморо аз замин фаро мехонад, ногаҳон [ҳамагӣ аз гӯрҳо] берун меоед
30:26 Ҳар ки [ва ҳар чи] дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамагӣ [таслиму] фармонбари Ӯ ҳастанд
30:27 Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро [пас аз маргаш] бозмегардонад ва ин кор барояш осонтар [аз офариниши нахустин] аст ва бартарин васф дар осмонҳо ва замин барои Ӯст ва Ӯ шикастнопазири ҳаким аст
30:28 [Эй мушрикон] Аллоҳ таоло барои шумо аз худатон мисоле меоварад: «Оё аз бардагонатон касе ҳаст, ки дар амволе ба шумо додаем, шарикатон бошад, чунон ки ҳар ду [дар бархӯрдорӣ аз он амвол] яксон бошед ва ҳамон тавр ки [ба хотири тасарруфи мол] аз якдигар бим доред, аз онон низ бим дошта бошед? [Ҳол ки чунин нест, пас, чаро бандагон ва махлуқоти Аллоҳро бо Ӯ шарик медонед]? Мо оятамонро барои касоне, ки меандешанд, ин чунин ба равшани баён мекунем
30:29 [Далели ширк камбуди далоили тавҳидӣ нест] Балки ситамгорон бидуни илму огоҳӣ аз ҳавою ҳаваси худ пайравӣ мекунанд, пас онро, ки Аллоҳ таоло гумроҳ кардааст, чи касе ҳидоят мекунад? Ва онон [дар баробари азоби илоҳӣ] ҳеҷ ёваре нахоҳанд дошт
30:30 Пас, [эй Паёмбар,] ҳақгароёна ва холисона ба ин дин рӯ овар. [Ин оини пок] Ислом аст, ки Аллоҳ таоло фитрати мардумро бар асоси он сиришта аст. Ҳеҷ тағйире дар офариниши Аллоҳ таоло нест. Ин аст [роҳи рост ва] дини устувор, вале бештари мардум [ҳақиқатро] намедонанд
30:31 [Эй муъминон, ба даргоҳи Парвардигор тавба кунед ва] Ба сӯи Ӯ бозгардед ва аз Ӯ парво кунед ва намоз барпо доред ва аз мушрикон набошед
30:32 Аз касоне [набошед], ки дар динашон тафриқа эҷод карданд ва даста-даста шуданд ва ҳар гурӯҳе ба он чи назди хеш доранд хушнуданд