>

Маркази тарҷумаи Равод — 4

2:17 Достони инон [мунофиқон] ҳаммонанди достони касест, ки оташе афрӯхт, пас, чун оташ перомунашро равшан сохт, Аллоҳ таоло нурашонро бигирифт ва дар торикиҳое, ки намебинанд, раҳояшон кард

2:18 Кару лолу кӯранд ва [аз гумроҳии худ] бознамегарданд

2:19 Ё [мисолашон] ҳамчун [гирифторони] борони сахт (сел) аст, ки аз осмон [фурӯ мерезад] ва дар он торикиҳо ва раъду барқ бошад ва онон аз тарси марг ангуштони худро дар гӯшҳояшон фурӯ мебаранд, то садои соиқа [оташак]-ро нашнаванд ва Аллоҳ таоло ба кофирон иҳота дорад

2:20 Наздик аст, ки барқ чашмонашонро бирабояд, ҳар гоҳ ки [барқ мезанад ва роҳро] бар онон равшан месозад, қадаме дар [партави] он мегузоранд ва чун торикӣ ононро фаро гирад, [ҳайратзада] бозмеистанд; ва агар Аллоҳ таоло бихоҳад, шунавоӣ ва биноиашонро аз байн мебарад, зеро Аллоҳ таоло бар ҳар коре тавоност

2:21 Эй мардум, Парвардигори худро парастиш кунед; он касе, ки шумо ва пешиниёни шуморо офарид. Бошад, ки парҳезгор шавед.

2:22 Он, ки заминро барои шумо бигустурд ва осмонро [ҳамчун сақфе] болои саратон қарор дод ва аз осмон обе фурӯ фиристод ва ба василаи он анвои меваҳоро ба вуҷуд овард, то рӯзии шумо бошад. Бинобар ин барои Аллоҳ таоло ҳамтоёне қарор надиҳед, дар ҳоле ки [ҳақиқатро] медонед.

2:23 Ва агар дар бораи он чи бар бандаи худ [Муҳаммад] нозил кардаем, дар шакку тардид ҳастед, агар рост мегӯед, сурае ҳаммонанди он биёваред ва гувоҳони худро – ғайр аз Аллоҳ таоло – фаро хонед.

2:24 Пас, агар чунин накардед – ва ҳаргиз натавонед кард – аз оташе битарсед, ки ҳезуми он мардуму сангҳо ҳастанд ва барои кофирон омода шудааст.