Маркази тарҷумаи Равод — 39
2:238 [Эй мусулмонон] бар [анҷоми] ҳама намозҳо ва [ба хусус] намози аср кӯшо бошед [саъю талош кунед] ва бо фурӯтаниву фармонбардорӣ барои Аллоҳ таоло ба по хезед
2:239 Агар [аз хатар] тарсидед, дар ҳоли пиёда ё савора [ё ҳатто бо имо ва ишора намозро ба ҷой оваред] ва чун эмин шудед, Аллоҳро [чунонки ба шумо омӯхтааст] ёд кунед [ва шукрашро ба ҷо оваред], ки он чиро намедонистед ба шумо ёд дод
2:240 Касоне аз шумо, ки маргашон фаро мерасад ва ҳамсароне [аз худ] ба ҷо мегузоранд, бояд барои ҳамсаронашон васият кунанд, ки [ворисон] то як сол ононро [бо пардохтани харҷи зиндагӣ] баҳраманд созанд, бидуни он ки [аз хонаи шавҳар] берун кунанд. Пас, агар [ба майли худ пеш аз поёни як сол хонаро тарк кунанд ва] берун бираванд, дар бораи он чи, ки нисбат ба [зоҳир ва зиндагии] худ ба таври шоиста [ва машруъ] анҷом медиҳанд [аз қабили зинат кардан ва издивоҷи муҷаддад] гуноҳе бар шумо нест; ва Аллоҳ таоло шикастнопазиру ҳаким аст
2:241 Ва барои занони талоқшуда ҳадяи муносибу шоиста лозим аст [ки аз тарафи шавҳар пардохта шавад, то дилшикастагиаш ҷуброн гардад. Иҷрои ин ҳукм], ҳаққе аст бар мардони парҳезкор
2:242 [Эй муъминон] Аллоҳ таоло оёти худро [ки муштамал бар ҳудуд ва аҳком аст] инчунин бароятон ба равшанӣ баён мекунад; бошад, ки бияндешед
2:243 [Эй паёмбар] Оё намедонӣ, [достони] афроде [аз бани Исроил]-ро, ки ҳазорон нафар буданд, ки аз тарси [беморӣ ва] марг аз хонаҳояшон фирор карданд? Аллоҳ таоло ба онон гуфт: Бимиред [пас мурданд]. Сипас Аллоҳ таоло онҳоро зинда кард [то барояшон равшан гардонад, ки тамоми корҳо ба дасти Ӯст]. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло нисбат ба бандагонаш бахшоиш дорад, вале бештари мардум шукр [-и неъматҳо] -ашро ба ҷой намеоваранд
2:244 Ва [эй муъминон] дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангед ва бидонед, ки бе тардид Аллоҳ таоло шунавову доност
2:245 Кист, ки ба Аллоҳ таоло қарз диҳад; қарзи наку [ва аз амволаш дар роҳи хушнудии Парвардигор инфоқ кунад], то [Аллоҳ таоло] онро барояш чандин баробар кунад? Ва Аллоҳ таоло аст, ки [аз рӯйи ҳикмат ва адолат, дар рӯзии бандагонаш] тангӣ ва кушоиш падид меоварад ва [ҳамагӣ дар охират] ба сӯйи Ӯ бозгардонда мешавед