Маркази тарҷумаи Равод — 338
22:47 [Эй Паёмбар, кофирон] ба шитоб аз ту дархости азоб мекунанд ва Аллоҳ таоло ҳаргиз ваъдаашро хилоф намекунад ва дар воқеъ, як рӯз [аз азоби охират] назди Парвардигорат бо ҳазор сол, ки шумо мешуморед, яксон аст
22:48 Ва чи бисёр [аҳолии] шаҳрҳое, ки ба онон муҳлат додам, дар ҳоле ки ситамгор буданд [аммо боз ҳам сарпечӣ карданд], пас, ононро [ба азоб] фурӯ гирифтам ва бозгашт [-и ҳама] ба сӯи Ман аст
22:49 Бигӯ: «Эй мардум, ҷуз ин нест, ки ман барои шумо бимдиҳандае ошкорам»
22:50 Пас, касоне, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, омурзишу рӯзии нек [дар пеш] доранд
22:51 Ва касоне, ки дар [роҳи инкор ва такзиби] оёти Мо мекӯшанд, то [ба пиндори хеш] Моро дармонда кунанд, онон аҳли дузаханд
22:52 Ва [Мо] ҳеҷ расул ва паёмбареро пеш аз ту нафиристодем, магар ин ки чун [оёти илоҳиро] тиловат мекард, шайтон дар тиловаташ [калимоти иштибоҳ] илқо мекард. Он гоҳ Аллоҳ таоло он чиро, ки шайтон илқо намуда буд, аз миён мебурд ва сипас оёти хешро устувор месохт ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
22:53 То [бад-ин васила Аллоҳ таоло] он чиро, ки шайтон илқо мекунад, барои касоне, ки дар дилҳояшон беморӣ [шакку нифоқ] аст ва [ҳамчунин барои] сангдилон василаи озмоиш қарор диҳад. Ва яқинан, ситамгорон [-и мушрик] дар душмании дуру дарозе [бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш] ҳастанд
22:54 Ва то касоне, ки дониш ёфтаанд, бидонанд, ки ин [Қуръон] ҳақ аст [ва] аз ҷониби Парвардигори туст ва ба он имон биёваранд ва дилҳояшон барояш [нарму] фурӯтан гардад; ва бе тардид, Аллоҳ таоло касонеро, ки имон овардаанд, ба роҳи рост ҳидоят мекунад
22:55 Касоне, ки куфр варзиданд, ҳамвора дар мавриди он [чи дар Қуръон нозил кардаем] тардид доранд, то он гоҳ ки ногаҳон қиёмат фаро расад ё азоби рӯзи бехайру раҳмат бар онон [фуруд] ояд