Маркази тарҷумаи Равод — 308
19:39 Ва [эй паёмбар] ба онон дар бораи рӯзи [пушаймонӣ ва] ҳасрат ҳушдор бидеҳ; он гоҳ ки кори [доварӣ] анҷом мегирад; ва [имрӯз] онон дар ғафлатанд ва имон намеоваранд
19:40 Яқинан, Мо замин ва ҳар киро бар он аст, ба ирс мебарем ва [ҳама] ба сӯйи Мо бозгардонида шаванд
19:41 Ва [эй Паёмбар] дар ин китоб аз Иброҳим ёд кун. Бе тардид, ӯ паёмбаре ростгӯ буд
19:42 Ҳангоме ки ба падараш [Озар] гуфт: «Падарҷон, чаро чизеро парастиш мекунӣ, ки на [дуоятро] мешунавад ва на [ибодататро] мебинад ва на газандеро аз ту дур месозад?
19:43 Падарҷон, яқинан, аз дониши [ваҳй] чизе ба ман расидааст, ки [ҳаргиз] ба ту нарасидааст; пас, аз ман пайравӣ кун, то ба роҳе рост ҳидоят кунам
19:44 Падарҷон, аз шайтон пайравӣ накун, [чаро ки] бе тардид, шайтон нисбат ба [Аллоҳи] Раҳмон нофармон буд
19:45 Падарҷон, ман метарсам, ки аз [ҷониби Аллоҳи] Раҳмон азобе ба ту расад ва [дар дузах] аз дӯстон [ва ҳамнишинони] шайтон бошӣ»
19:46 [Озар] Гуфт: «Эй Иброҳим, оё аз маъбудҳои ман рӯйгардонӣ? Агар [аз ақидаат] даст барнадорӣ, ҳатман, сангсорат мекунам; [бирав] ва муддати зиёде аз ман дур шав»
19:47 [Иброҳим] Гуфт: «Салом [ва амният аз ҷониби ман] бар ту. Ба зудӣ аз Парвардигорам бароят омурзиш хоҳам хост. Бе тардид, ӯ нисбат ба ман бисёр меҳрубон аст
19:48 Ва аз шумо [кофирон] ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, канорагирӣ мекунам ва Парвардигорамро мехонам. Умед аст, ки дар хондани Парвардигорам [аз иҷобат] бебаҳра набошам»
19:49 Пас, чун аз онон ва он чи ба ҷойи Аллоҳ таоло мепарастиданд, канорагирӣ кард, Исҳоқ ва Яъқубро ба ӯ бахшидем ва ҳамаи [онон]-ро паёмбар намудем
19:50 Ва эшонро аз раҳмати хеш баҳраманд сохтем ва барояшон [дар миёни мардум овозаи баланд ва] номи наку ниҳодем
19:51 Ва дар ин китоб аз Мӯсо ёд кун. Бе тардид, ӯ [баргузидае] мухлис ва фиристодаву паёмбар буд