>

Маркази тарҷумаи Равод — 269

16:15 Ва дар замин кӯҳҳои устувор [ва муҳкаме] дарафканд, ки мабодо шуморо биларзонад ва ҷӯйборҳо [-е падид овард], то [бидуни гум шудан] роҳи худро биёбед

16:16 Ва нишонаҳое [барои ёфтани масирҳо дар тӯли рӯз офарид] ва тавассути ситора[-ҳо низ дар шаб] роҳёбӣ мекунанд

16:17 Оё он ки меофаринад, ҳамчун касе аст, ки [ҳеҷ] намеофаринад? Оё панд намегиред?

16:18 Агар [бихоҳед] неъмат[-ҳои] Аллоҳро бишморед, наметавонед онро ба шумораш дароваред. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

16:19 Ва Аллоҳ таоло он чи пинҳон мекунед ва ошкор месозед, [ҳамаро] медонад.

16:20 Ва онҳоеро, ки [мушрикон] ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба парастиш] мехонанд, чизеро намеофаринанд ва худ офарида мешаванд

16:21 [Бутҳое, ки мепарастанд] мурдаанд на зинда; ва намедонанд, ки парастишкунандагонашон чи вақте зинда ва барангехта мешаванд

16:22 Маъбуди шумо маъбуде ягона аст ва касоне, ки ба охират имон надоранд, дилҳояшон инкоркунанда [-и ҳақ] аст ва худ мутакаббиранд

16:23 Ҳатман, Аллоҳ таоло он чиро, ки пинҳон мекунанд ва ошкор месозанд [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ мутакаббиронро дӯст намедорад

16:24 Ҳангоме ки ба онон гуфта мешавад: «Парвардигоратон чӣ чизе нозил кардааст?» Мегӯянд: «Афсонаҳои пешиниён»

16:25 [Ҳамчунон дар куфр мемонанд] То рӯзи қиёмат, [ҳам] бори гуноҳони худро ба тамомӣ бар дӯш кашанд ва [ҳам бахше] аз бори гуноҳони касонеро, ки аз рӯйи нодонӣ гумроҳашон кардаанд. Ҳон! Чи бад аст, он чи бар дӯш мекашанд!

16:26 Дар ҳақиқат, касоне, ки пеш аз онон буданд, низ найранг [ва бадандешӣ] карданд; пас, фармони Аллоҳ таоло даррасид, ки бунёдашонро аз асос барандохт ва сақф бар сарашон фурӯ рехт ва аз [ҳамон] ҷойе, ки фикр намекарданд, азоб домангирашон шуд