Маркази тарҷумаи Равод — 263
15:16 Ва ба ростӣ, мо дар осмон ситорагоне [бузургу дурахшон] қарор додем ва онҳоро барои тамошогарон оростем
15:17 Ва онро аз [вуруду дастбурди] ҳар шайтони рондашуда ҳифз кардем
15:18 Магар он ки [аз малакутиён] дуздона сухане бишнавад, ки [дар он сурат] шиҳобе равшан ӯро дунбол мекунад [ва месӯзонад]
15:19 Ва заминро густурдем ва дар он кӯҳҳои устуворе афкандем ва аз ҳар гиёҳи санҷида [ва муносибе] дар он руёнидем
15:20 Ва дар он барои шумо ва барои касе, ки рӯзирасонаш нестед [соири мардум ва мавҷудоти зинда], асбоби зиндагӣ падид овардем
15:21 Ва ҳеҷ чиз нест, магар он ки ганҷинаҳояш назди Мост ва Мо онро ҷуз ба андозаи муайян фурӯ намефиристем
15:22 Ва бодҳоро борваркунанда [-и абрҳо] фиристодем, сипас аз осмонҳо обе нозил кардем ва бо он серобатон сохтем, дар ҳоле ки шумо захиракунандааш нестед
15:23 Ва яқинан, моем, ки зинда мекунем ва мемиронем ва Мо [бозмондаи ҷовиду] ворис [-и ҳамаи ҷаҳониён] ҳастем
15:24 Ва бе тардид, [таваллуду марги] гузаштагони шуморо донистаем ва яқинан [таваллуду марги] ояндагонро [низ ба хубӣ] медонем
15:25 Ва [эй паёмбар] бе гумон, Парвардигорат [ҳамаи] ононро [дар қиёмат] маҳшур мекунад. Ба ростӣ, ки Ӯ ҳакиму доност
15:26 Ва дар ҳақиқат, Мо [нахустин] инсон [Одам]-ро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта офаридем
15:27 Ва пеш аз он ҷинро аз оташе сӯзон офаридем
15:28 Ва [ёд кун] аз ҳангоме ки Парвардигорат ба фариштагон фармуд: «Ҳамоно ман башареро аз гили хушк [-и бозмонда] аз лойи бӯйгирифта хоҳем офарид
15:29 Пас, чун [ӯро офаридем ва] ба ӯ сомон додем ва аз рӯҳи хеш дар вай дамидем, [ба нишонаи итоат аз фармони Ман ҳамагӣ] бар ӯ саҷда кунед»
15:30 Пас, фариштагон ҳамагӣ саҷда карданд
15:31 Магар Иблис, ки аз он ки бо саҷдакунандагон бошад, сарпечӣ кард