>

Маркази тарҷумаи Равод — 25

2:164 Ба ростӣ дар офариниши осмонҳо ва замину гузари шабу рӯз ва киштиҳое, ки барои баҳрабардории мардум дар дарё равонанд ва обе, ки Аллоҳ таоло аз осмон нозил намудааст, ки бо он заминро пас аз хушкӣ ва хазонаш зинда карда ва анвои ҷунбандагонро дар он пароканда аст ва [ҳамчунин] дар тағйири масири бодҳо ва абрҳое, ки дар миёни осмон ва замин ба хидмат [-и инсон] гумошта шудаанд, барои касоне, ки меандешанд, нишонаҳое [аз қудрати Парвардигор] аст

2:165 [Бо вуҷуди ин оёти равшан] бархе аз мардум ҳамтоёни ғайр аз Аллоҳро [барои парастиш] бармегузинанд ва онҳоро ҳамчун Аллоҳ таоло дӯст медоранд, вале касоне, ки имон овардаанд, Аллоҳро бештар дӯст доранд ва онон, ки [бо ширку иртикоби гуноҳон] ситам карданд, ҳангоме ки азоби [қиёмат] – ро бубинанд, [хоҳанд донист], ки тамоми қудрат аз они Аллоҳ таоло аст ва ин ки Аллоҳ таоло сахткайфар аст

2:166 Он гоҳ, ки раҳбарон [-и гумроҳгар] аз пайравони худ безорӣ меҷӯянд ва азобро мебинанд ва асбоб [-у равобите, ки муҷиби наҷоташон мешуд, ҳамагӣ] гусаста мегардад

2:167 Ва [дар ин ҳангом] касоне, ки [дар дунё аз раҳбарони гумроҳгар] пайравӣ карда буданд, мегӯянд: "Кош барои мо бозгаште [ба дунё] буд, то ҳамон гуна, ки онон аз мо безорӣ ҷустанд, [мо низ] аз онҳо безорӣ ҷӯем. Аллоҳ таоло чунин рафтори эшонро, ки мояи ҳасраташон аст, ба онҳо нишон медиҳад ва ҳаргиз аз оташи [дӯзах] берун нахоҳанд омад

2:168 Эй мардум, аз он чи дар замин аст ҳалолу покиза бихӯред ва аз [роҳҳо ва] гомҳои шайтон [ки ба василаи онҳо ба тадриҷ шуморо ба сӯйи азоб мекашад], пайравӣ накунед, ки ба ростӣ ӯ душмани ошкори шумост

2:169 [Ӯ] Шуморо фақат ба бадӣ ва зиштӣ фармон медиҳад ва [бар он медорад, то] он чиро, ки намедонед, ба Аллоҳ таоло нисбат диҳед