Маркази тарҷумаи Равод — 221
10:107 Ва агар Аллоҳ таоло зиёне ба ту бирасонад, ҳеҷ касе барояш ба ҷуз Ӯ ҳеҷ боздорандае нест ва агар бароят иродаи хайре намояд, барои фазл [-у бахшиши] Ӯ ҳеҷ монеъе нест. [Ӯ бахшиши хешро] Ба ҳар касе аз бандагонаш, ки бихоҳад, мерасонад ва Ӯ омурзандаи меҳрубон аст»
10:108 Бигӯ: «Эй мардум, ҳақ аз ҷониби Парвардигоратон бароятон омадааст, пас, ҳар ки ҳидоят ёбад, ба суди хеш ҳидоят меёбад ва ҳар ки гумроҳ гардад, ба зиёни хеш гумроҳ мегардад ва ман [муроқибу] коргузори шумо нестам»
10:109 Ва [эй паёмбар] аз ончи бар ту ваҳй мешавад пайравӣ кун ва шикебо бош, то Аллоҳ таоло [байни ту ва кофирон] доварӣ кунад ва Ӯ беҳтарин довар аст
11:1 Алиф, лом, ро.[1] Ин [Қуръон] китобест, ки оёти он истеҳком ёфтааст ва сипас аз ҷониби ҳакими огоҳ ба равшанӣ баён шудааст
11:2 [Паёми Паёмбар ин аст] Ки ҷуз Аллоҳро напарастед, [ки] бе тардид, ман аз сӯйи Ӯ бароятон бимдиҳанда ва башоратгар ҳастам
11:3 Ва ин ки аз Парвардигоратон омурзиш бихоҳед, сипас ба даргоҳаш тавба кунед, то шуморо [дар зиндагии дунё] то саромади муайяне ба хайру хубӣ баҳраманд созад ва ба ҳар бофазилате [ки яктопарастӣ ва накукорӣ пеша кардааст, подошу] фузунӣ бахшад.Ва агар [аз имон] рӯ бигардонед, [бидонед, ки ман] ба ростӣ, бароятон аз азоби рӯзе саҳмгин метарсам
11:4 [Шумо эй мардум] Бозгаштатон ба сӯйи Аллоҳ таоло аст ва Ӯ бар ҳар чизе тавоност
11:5 Огоҳ бошед! Онҳо [куфрро] дар синаҳояшон ниҳон мекунанд, то онро аз Ӯ [Аллоҳ таоло] пинҳон доранд. Огоҳ бошед! Он гоҳ ки онон ҷомаҳояшонро бар сар мекашанд, Аллоҳ таоло он чи пинҳон месозанд ва он чи ошкор медоранд, [ҳамаро] медонад. Бе тардид, Ӯ ба асрори синаҳо доност