Маркази тарҷумаи Равод — 175
7:188 [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ман молики суду зиёни хештан нестам, магар ончиро, ки Аллоҳ таоло бихоҳад ва агар ғайбро медонистам, хайр [-у суди] бисёре [барои худ] фароҳам месохтам ва ҳеҷ бадӣ [ва зиёне] ба ман намерасид. Ман [касе] нестам, магар бимдиҳанда ва башоратбахш [-и дилсӯз] барои гурӯҳе, ки имон доранд
7:189 [Эй мардум] Ӯст, ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро аз ӯ падид овард, то дар канораш ором гирад. Пас, чун [Одам] бо вай [Ҳаво] даромехт, бордор шуд – бори сабук – ва [нахустин моҳҳои бордориро] гузаронд ва чун сангинбор шуд, Аллоҳ таоло – Парвардигори худро хонданд, ки: «Агар ба мо [фарзанди тандурусту] шоиста ато кунӣ, ҳатман, сипосгузор хоҳем буд»
7:190 Пас, чун [Аллоҳ таоло фарзанди тандуруст ва] шоиста ба онон дод, дар ин неъмат, ки ба онҳо бахшида буд, барояш шариконе қарор доданд. Ва Аллоҳ таоло аз ончи шарик [ва ҳамтои] Ӯ месозанд, бартар аст
7:191 Оё чизҳоеро шарик мегиранд, ки чизе намеофаринанд ва худ офарида мешаванд?
7:192 Ва наметавонанд ононро ёрӣ кунанд ва на хештанро ёрӣ медиҳанд
7:193 Ва [эй мушрикон] агар онҳо [бутҳо]-ро ба ҳидоят даъват кунед, аз шумо пайравӣ намекунанд. Чи даъваташон кунед ё хомӯш бошед, бароятон яксон аст [ва посухе нахоҳед шунид]
7:194 Бе гумон, онҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло мехонед, офаридагоне ҳамчун шумо ҳастанд [аммо ҷомид ва берӯҳ], пас, онҳоро [дар сахтиҳо] бихонед. Агар рост мегӯед, бояд посухатонро бидиҳанд
7:195 Оё [бутҳое, ки маъбуди худ медонед] пойҳое доранд, ки бо онҳо роҳ бираванд ё дастҳое доранд, ки бо онҳо [ёриатон диҳанд ва аз шумо] дифоъ кунанд? Оё чашмоне доранд, ки бо онҳо бубинанд ё гӯшҳое доранд, ки бо онҳо бишнаванд? [Эй паёмбар, ба мушрикон] Бигӯ: «Шариконатонро бихонед, сипас [алайҳи ман] тадбир [-у найранг] кунед ва маро муҳлат надиҳед