>

Маркази тарҷумаи Равод — 113

5:32 Ба ҳамин сабаб, бар Бани Исроил муқаррар доштем, ки ҳар кас инсонеро ҷуз барои [қасоси] касе ё фасоде [ки] дар замин [муртакиб шудааст] ба қатл бирасонад, чунон аст, ки гӯӣ ҳамаи мардумро куштааст ва ҳар кас [бо худдорӣ аз қатлҳои худсарона ва беҳуда] инсонеро зинда бидорад, чунон аст, ки ҳамаи мардумро зинда кардааст. Ва бе гумон, паёмбарони мо бо далоили равшан барои онон [Бани Исроил] омаданд, [вале] боз ҳам бисёре аз эшон пас аз он [бо иртикоби гуноҳ] дар замин [по аз ҳудуди илоҳӣ фаротар гузоштанд ва] зиёдаравӣ карданд

5:33 Сазои касоне, ки бо Аллоҳ таоло ва паёмбараш меҷанганд ва [бо қатлу дуздӣ ва фаҳшо] дар замин ба фасод мекӯшанд, ҷуз ин нест, ки кушта шаванд ё ба дор овехта шаванд ё даст [-и рост] ва пой [-и чапи] онҳо дар хилоф [ҷиҳати якдигар] қатъ шавад ё аз сарзамин [-и худ] табъид гарданд. Ин [муҷозот мояи] расвоии онҳо дар дунёст ва дар охират [низ] азоби бузург [дар пеш] доранд

5:34 Магар касоне, ки [шумо ҳокимон] пеш аз он ки бар онон даст ёбед, тавба кунанд. Пас, [агар чунин карданд, аз онон даргузаред ва] бидонед, ки Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

5:35 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед] ва [бо анҷоми корҳои нек, барои тақарруб] ба сӯйи Ӯ васила биҷӯед ва дар роҳаш ҷиҳод кунед, бошад, ки растагор шавед

5:36 Дар ҳақиқат касоне, ки куфр варзиданд, агар тамоми он чи дар замин аст, барои онон бошад ва ҳаммонандаш [низ] бо он [дар ихтиёрашон бошад ва бихоҳанд], то ба бад-он васила худро аз азоби рӯзи қиёмат бозхаранд, аз эшон пазируфта намешавад ва азоби дарднок [дар пеш] доранд