Маркази тарҷумаи Равод — 1
1:1 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон.
1:2 Сипос махсуси Аллоҳ таоло–Парвардигори ҷаҳониён аст.
1:3 Бахшандаи меҳрубон аст.
1:4 Молики рӯзи ҷазост.
1:5 [Парвардигоро] Танҳо Туро мепарастем ва танҳо аз Ту ёрӣ меҷӯем.
1:6 Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо [ва ҳамвора собитқадам бигардон].
1:7 Роҳи касоне [ҳамчун паёмбарон, шаҳидон, ростгӯён ва накукорон], ки ба онон неъмат додаӣ ва дар зумраи ғазабшудагон [яҳудиён] ва гумроҳон [масеҳиён] нестанд.