Маркази тарҷумаи Равод — 99
4:128 Ва агар зане аз носозгорӣ ё рӯйгардонии шавҳараш бим дошт, пас, бар он ду нафар гуноҳе нест, ки бо [сарфи назар аз бархе ҳуқуқ ва вазоиф] бо якдигар оштӣ кунанд. Ва оштӣ беҳтар [аз талоқ] аст ва [-ле тамаъ ва] бухл нафсҳоро фаро гирифтааст [ва ҳеҷ кас аз ҳаққи хеш намегузарад] ва агар некӣ кунед ва парҳезкорӣ пеша созед, ҳатман, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст
4:129 Ва [шумо мардон] ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз наметавонед [аз назари муҳаббати қалбӣ] миёни занон адолат барқарор кунед, пас, яксара [ба яке майл накунед ва] аз яке рӯ нагардонед, ки ӯро билотаклиф раҳо кунед. Ва агар созиш намоед ва парҳезгорӣ кунед, бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
4:130 Ва агар он ду [зану шавҳар] аз якдигар ҷудо шаванд, Аллоҳ таоло ҳар яке аз ононро аз кушоиш [ва бахшиши] хеш бениёз месозад ва Аллоҳ таоло ҳамвора кушоишгару ҳаким аст
4:131 Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст аз они Аллоҳ таоло аст ва мо ба касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоб [-и осмонӣ] дода шуд ва [ҳамчунин] ба шумо супориш кардем, ки: "Аз Аллоҳ таоло парво кунед [битарсед]" ва агар кофир шудед, [бидонед, ки] он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло бениёзи сутуда аст
4:132 Ва он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Аллоҳ таоло аст ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузор [-и бандагон] бошад
4:133 Эй мардум, агар Ӯ бихоҳад, шуморо аз миён мебарад ва дигаронро меоварад ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ин [кор] тавоност
4:134 Ҳар ки [дар қиболи корҳояш] подоши дунёро мехоҳад, пас, [бидонад, ки] подоши дунё ва охират назди Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ҳамвора шунавову биност