>

Маркази тарҷумаи Равод — 97

4:114 Дар бисёре аз розгӯиҳои онон [мардум] хайре нест, магар [дар гуфтори] касе, ки ба [додани] садақае ё коре писандида ё созише миёни мардум фармон диҳад. Ва ҳар ки барои хушнудии Аллоҳ таоло чунин кунад, ба зудӣ подоши бузурге ба вай хоҳем дод

4:115 Ва ҳар кас пас аз он ки [роҳи ҳақ ва] ҳидоят барояш равшан шуд, бо паёмбар мухолифат кунад ва аз роҳе ҷуз роҳи муъминон пайравӣ кунад, ӯро ба он чи [барои худ баргузида ва аз он] пайравӣ кардааст, вомегузорем ва ба дузах мекашонем. Ва [ҳаққо, ки дузах] чи бад ҷойгоҳест!

4:116 Аллоҳ таоло [ин] гуноҳро, ки ба ӯ ширк оварда шавад, ҳатман, намеомурзад ва ба ҷуз он [ҳар гуноҳе]-ро барои ҳар ки бихоҳад, меомурзад ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк оварад, пас, бе тардид, дар гумроҳии дуру дарозе афтодааст

4:117 [Мушрикон] Ба ҷойи Аллоҳ таоло бутҳои модинае [ҳамчун Лоту Уззо]-ро мехонанд ва [дар ҳақиқат] ҷуз шайтони саркашро намехонанд

4:118 [Ҳамон ки] Аллоҳ таоло ӯро аз раҳмати хеш дур сохт ва ӯ гуфт: "Аз бандагони Ту саҳми муайян бархоҳам гирифт

4:119 Ва мусалламан, ононро гумроҳ мекунам ва ба орзуҳои ботил меафканам ва ба эшон дастур медиҳам, ки гӯши чаҳорпоёнро бишкофанд ва водорашон мекунам, то офариниши Аллоҳро тағйир диҳанд". Ва ҳар ки шайтонро ба ҷойи Аллоҳ таоло дӯст [-у корсози] худ гирад, ҳатман, зиёни ошкор кардааст

4:120 [Оре] Шайтон ба онон ваъда медиҳад ва дар [доми] орзуҳо меандозадашон ва ба онон ваъдае ҷуз фиреб намедиҳад

4:121 Онон [пайравони шайтон] ҷойгоҳашон дузах аст ва аз он ҳеҷ роҳи фироре намеёбанд