>

Маркази тарҷумаи Равод — 96

4:106 Ва аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳ. Бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст

4:107 Ва аз касоне, ки [бо иртикоби гуноҳ] ба худ хиёнат мекунанд, дифоъ накун, [чаро ки] бе гумон, Аллоҳ таоло ҳар киро хиёнаткор [ва] гунаҳгор бошад, дӯст намедорад

4:108 Онҳо [зишткориҳои худро] аз мардум пинҳон медоранд, вале наметавонанд, чизеро аз Аллоҳ таоло пинҳон кунанд ва [ҳол он ки] Ӯ ҳамроҳашон аст, он гоҳ, ки шабона чораандешӣ мекунанд ва [аз сари дурӯғу ифтиро] суханоне мегӯянд, ки Ӯ намеписандад ва Аллоҳ таоло ҳамвора ба он чи мекунанд, иҳота дорад

4:109 Ҳон! Шумо касоне ҳастед, ки дар зиндагии дунё аз онон дифоъ кардед. Пас, кист, ки рӯзи қиёмат дар баробари Аллоҳ таоло аз онон дифоъ кунад? Ё чи касест, ки [муроқибу] коргузорашон бошад?

4:110 Ва ҳар ки амали ношоистае муртакиб шавад ё [бо нофармонӣ аз дастури Аллоҳ таоло ва расулаш] ба худ ситам кунад, [ва] сипас аз Аллоҳ таоло омурзиш бихоҳад, Аллоҳро омурзандаи меҳрубон хоҳад ёфт

4:111 Ва ҳар ки гуноҳе муртакиб шавад, пас, танҳо ба зиёни хеш [чунин] мекунад ва Аллоҳ таоло ҳамвора донои ҳаким аст

4:112 Ва ҳар ки хато ё гуноҳе муртакиб шавад, сипас онро бар гардани бегуноҳе бияндозад, ҳатман, [бори] буҳтон ва гуноҳи ошкореро бар дӯш гирифтааст

4:113 Ва [эй паёмбар] агар фазли Аллоҳу раҳматаш бар ту набуд, гурӯҳе аз онон қасд доштанд, ки туро гумроҳ кунанд [то ноодилона қазоват кунӣ], ва [-ле] ҷуз худашон [касе]-ро гумроҳ намесозанд ва ҳеҷ зиёне ба ту намерасонанд. Ва Аллоҳ таоло китоб [Қуръон] ва ҳикмат [Суннат]-ро бар ту нозил кард ва он чиро намедонистӣ, ба ту омӯхт ва ҳамвора фазли Аллоҳ таоло бар ту бузург [-у бисёр] будааст