>

Маркази тарҷумаи Равод — 95

4:102 Ва [эй паёмбар] чун [вақти ҷанг] дар миёни онон будӣ ва барояшон намоз барпо доштӣ, пас, бояд гурӯҳе аз онон бо ту [ба намоз] истанд ва [ҳамчунин] бояд ҷангафзорҳояшонро бо худ баргиранд [ва як ракаатро ҳамроҳи ту бихонанд ва намозро ба сурати фуродо (танҳо) идома диҳанд] ва чун саҷда карданд [ва намозашон тамом шуд], бояд пушти саратон қарор гиранд ва бояд он дастае, ки намоз нахондаанд, биёянд ва [як ракъат] бо ту намоз бихонанд [ва пас аз ин ки намозат ба поён расид, идомаи намозашонро комил кунанд] ва [онон низ] бояд эҳтиёт кунанд ва ҷангафзорҳояшонро [дар намоз бо худ] баргиранд, [зеро] кофирон умед доранд, ки шумо аз ҷангафзорҳо ва таҷҳизоти худ ғофил шавед, то якбора бар шумо битозанд. Ва агар аз борон [ё монеаҳои дигар] дар ранҷ будед ва [ё] бемор [ва маҷруҳ] будед, гуноҳе бар шумо нест, ки ҷангафзорҳои худро [бар замин] бигзоред, вале ҷониби эҳтиётро риоя кунед. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло барои кофирон азоби хоркунанда муҳайё кардааст

4:103 Пас, чун намозро ба поён расонидед, Аллоҳро [дар ҳама ҳол] истода ва нишаста ва бар паҳлу хуфта [хобида] ёд кунед; ва ҳар гоҳ оромиш ёфтед [ва тарс аз байн рафт], намозро [комил] барпо доред, [чаро ки] бе тардид, намоз [фаризаест, ки] дар авқоти муайяне бар муъминон воҷиб шудааст

4:104 Ва [эй муъминон] дар таъқиби он гурӯҳ [душман] сустӣ накунед. Агар шумо [аз хастагӣ ва ҷароҳат] ранҷ мебаред, онон низ чунон ки шумо ранҷ мебаред, ранҷ бурдаанд, вале шумо умеде ба Аллоҳ таоло доред, ки онон надоранд. Ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

4:105 [Эй паёмбар] Мо [ин] китобро ба ҳақ бар ту нозил кардаем, то ба [муҷиби] он чи Аллоҳ таоло ба ту омӯхтааст, дар миёни мардум доварӣ кунӣ ва мудофеи хиёнаткорон мабош