Маркази тарҷумаи Равод — 94
4:95 Он муъминон [-и хонанишин]-е, ки бидуни ҳеҷ беморӣ ва ранҷе аз ҷиҳод бознишастанд, бо муҷоҳидоне, ки дар роҳи Аллоҳ таоло бо молу ҷони худ ҷиҳод карданд, [ҳаргиз] яксон нестанд. Аллоҳ таоло касонеро, ки бо молу ҷонашон ҷиҳод карданд, бар хонанишинон ба мартабаи [бузург] бартарӣ бахшидааст ва Аллоҳ таоло бар ҳар як [аз муҷоҳидон ё хонанишинони маъзур] ваъдаи наку додааст, ва [-ле] Аллоҳ таоло муҷоҳидонро бар хонанишинон бо подоши бузург бартарӣ додааст
4:96 [Подоше, ки] Ба унвони дараҷоту омурзиш ва раҳмате аз [пешгоҳи] Ӯ [насибашон мегардад] ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
4:97 Касоне, ки [бо мондан дар сарзамини куфр] нисбат ба хеш ситамгор буданд, [вақте] фариштагон ҷонашонро мегиранд, [ба онон] мегӯянд: "Дар чи [ҳол] будед"? Посух медиҳанд: "Мо дар замин аз ситамдидагон будем". [Фариштагон] Мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ таоло густурда набуд, то дар он муҳоҷират кунед [ва имонатонро ҳифз намоед]"? Пас, ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад саранҷомест!
4:98 Магар мардону занон ва кӯдакони ситамдидае, ки наметавонанд чорае бияндешанд ва роҳ ба ҷойе намебаранд
4:99 Пас, онон [ки узре доранд] умед аст, ки Аллоҳ таоло аз эшон даргузарад ва ҳамвора Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст
4:100 Ва ҳар ки дар роҳи Аллоҳ таоло ҳиҷрат кунад, дар замин сарпаноҳи бисёр ва кушоише [дар рӯзӣ ва кор] меёбад ва касе, ки ба қасди ҳиҷрат ба сӯйи Аллоҳ таоло ва паёмбараш аз хонааш хориҷ шавад ва он гоҳ маргаш фаро расад, ҳатман, подошаш бар [уҳдаи] Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
4:101 Ва [эй муъминон] ҳар гоҳ дар замин сафар кунед, агар тарсидед, онон, ки куфр варзиданд, бар шумо зиёне бирасонанд, гуноҳе бар шумо нест, ки аз [ракаоти] намоз бикоҳед [ва онро шикаста бихонед], зеро кофирон ҳамвора бароятон душмани ошкоре ҳастанд