>

Маркази тарҷумаи Равод — 93

4:92 Ҳеҷ муъмине муҷоз нест [иҷозат надорад], ки муъминеро бикушад, магар ба иштибоҳ [ва беқасд]. Ва касе, ки муъминеро ба иштибоҳ бикушад, бояд як бардаи муъмин озод кунад ва хунбаҳое ба хонаводаи ӯ [ба ворисони мақтул] бипардозад, магар ин ки онҳо гузашт кунанд. Ва агар [мақтул] аз қавме бошад, ки душманони шумо ҳастанд ва [худи] ӯ муъмин аст, озод кардани як бардаи муъмин [ба унвони каффора кофӣ аст, зеро кофир аз муъмин ирс намебарад] ва агар [мақтул муъмин набошад, вале] аз қавме бошад, ки миёни шумо ва эшон паймоне барқарор аст, бояд хунбаҳое ба хонаводаи ӯ бипардозад ва як бардаи муъминро [низ] озод кунад. Ва ҳар ки [тавони молӣ надошт ё бардае барои озод кардан] наёфт, пас, [бояд] ба унвони тавбае ба даргоҳи Аллоҳ таоло ду моҳ паёпай рӯза бигирад. Ва ҳамвора Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

4:93 Ва ҳар кас муъминеро амдан ба қатл бирасонад, кайфараш дузах аст, [ки] дар он ҷовидона мемонад ва Аллоҳ таоло бар вай ғазаб мекунад ва ӯро аз раҳмати хеш дур месозад ва азоби бузурге барояш омода сохтааст

4:94 Эй касоне, ки имон овардаед, ҳангоме ки дар роҳи Аллоҳ таоло [барои ҷиҳод] раҳсипор шудед, [паҳлуҳои корро хуб] баррасӣ кунед ва ба касе, ки изҳори сулҳу ислом намуд, нагӯед: "Ту муъмин нестӣ", то [битавонед ӯро бикушед ва ғаноиму] сармояи нопойдори дунёро ба даст оваред, зеро ғаниматҳои бисёре [барои шумо] назди Аллоҳ таоло аст. Шумо низ қаблан инчунин будед [ва имонатонро пинҳон мекардед], сипас Аллоҳ таоло бар шумо миннат ниҳод [ва ҳидоят шудед]. Бинобар ин, ба дурустӣ баррасӣ кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ба он чи анҷом медиҳед, огоҳ аст