>

Маркази тарҷумаи Равод — 91

4:80 Ҳар ки аз паёмбар итоат кунад, дар хақиқат, аз Аллоҳ таоло итоат кардааст ва ҳар ки рӯйгардон шавад, [аз ӯ андуҳгин мабош, эй паёмбар, зеро Мо ҳаргиз] туро бар онон нигаҳбон [-у муроқиб] нафиристодаем

4:81 Онон [назди ту] мегӯянд: "Фармонбардорем", вале чун аз ҳузурат берун мераванд, гурӯҳе аз онон шабона чизе ҷуз он чи ту гуфтаӣ, тадбир мекунанд ва Аллоҳ таоло ҳар чиро, ки шабона дар сар мепарваранд, сабт мекунад. Пас, аз онон рӯй бигардон ва бар Аллоҳ таоло таваккал кун ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [муроқибу] коргузор [-и ту] бошад

4:82 Оё дар Қуръон намеандешанд, ки агар аз сӯйи [касе] ғайр аз Аллоҳ таоло буд, ҳатман, ихтилоф [ва таноқузи] бисёре дар он меёфтанд?

4:83 Ҳангоме ки хабаре аз эминӣ [ва пирӯзӣ] ё тарс [ва шикаст] ба онон мерасад, [бидуни ҳеҷ таҳқиқе] онро фош месозанд, ва [-ле] агар онро ба паёмбар ва фармондеҳонашон бозгардонанд, афроде аз онон, ки аҳли [фаҳму] истинбот ҳастанд, ҳатман, [маслиҳати эълом ё китмони ахборро беҳтар] медонанд. Ва [эй муъминон] агар фазлу раҳмати Аллоҳ таоло бар шумо набуд, ҷуз андаке [ҳамагӣ] аз шайтон пайравӣ мекардед

4:84 Пас, [эй паёмбар] дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кун. Ту уҳдадори касе ҷуз худ нестӣ, ва [-ле] муъминонро [низ ба ҷиҳод] ташвиқ кун. Умед аст, ки Аллоҳ таоло осеби кофиронро аз шумо боздорад ва Аллоҳ таоло қудраташ бештар ва кайфараш сахттар аст

4:85 Касе, ки шафоати писандидае кунад, аз [хайри] он насибе хоҳад дошт ва касе, ки шафоати нописанде кунад, аз [шарри] он насибе хоҳад дошт. Ва Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе муроқиб аст

4:86 [Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло ҳамвора бар ҳар чизе ҳисобгар аст