>

Маркази тарҷумаи Равод — 90

4:75 Ва [эй муъминон] шуморо чи шудааст, ки дар роҳи Аллоҳ таоло ва [барои ёрии] мардону занон ва кӯдакони ситамдида пайкор намекунед? Ҳамон касоне, ки мегӯянд: "Парвардигоро, моро аз ин шаҳр [-и Макка], ки аҳлаш ситамгоранд, берун бибар ва аз сӯйи хеш барои мо ёру корсозе қарор бидеҳ ва аз ҷониби худ ёвару мададгоре бароямон бигумор"

4:76 Онон, ки имон овардаанд, дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор мекунанд ва онон, ки кофиранд, дар роҳи Тоғут [ва ҳокимони худкома] меҷанганд. Пас, бо ёрони шайтон биҷангед, ки ҳатман, найранг [ва нақшаи] шайтон заиф аст

4:77 [Эй паёмбар] Оё касонеро надидӣ, ки [дар Макка] ба онҳо гуфта шуд: "[Акнун] Даст аз ҷанг бардоред ва намоз барпо доред ва закот бипардозед", ва [-ле] чун [дар Мадина] ҷиҳод бар онон муқаррар шуд, он гоҳ гурӯҳе аз эшон аз мардум [-и мушрики Макка] тарсиданд, монанди тарс аз Аллоҳ таоло ё [ҳатто] бештар ва гуфтанд: "Парвардигоро, чаро ҷиҳодро бар мо муқаррар намудӣ? Чаро ба мо то муддати кӯтоҳе муҳлат надодӣ [то аз неъматҳои дунявӣ баҳраманд гардем]"? [Ба онон] Бигӯ: "Бархӯрдорӣ [аз лаззатҳои ин] дунё ночиз аст ва барои касе, ки парҳезкор бошад, сарои охират беҳтар аст ва [дар он ҷо] кучактарин ситаме ба шумо нахоҳад шуд

4:78 Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дармеёбад, ҳарчанд дар бурҷҳои устувор бошед. Ва агар ба онон [мунофиқон] хайре [ҳамчун фарзанд ва моли фаровон] бирасад, мегӯянд: "Ин аз ҷониби Аллоҳ таоло аст" ва агар шарре [ҳамчун маргу зиёни молӣ] ба эшон бирасад, [расули Аллоҳро бадном медонанд ва ба ӯ] мегӯянд: "Ин аз ҷониби туст". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳама [чиз] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст". Чаро ин қавм ҳозир нестанд, ки суханеро дарк кунанд

4:79 [Эй инсон] Он чи аз некиҳо ба ту мерасад, аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва он чи аз бадиҳо ба ту мерасад, аз ҷониби худи туст. Ва [эй паёмбар] Мо туро барои [ҳидояти] мардум фиристодем ва гувоҳии Аллоҳ таоло [дар ин бора] кофӣ аст