>

Маркази тарҷумаи Равод — 9

2:58 Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки гуфтем: "Ба ин шаҳр [Байт-ул-муқаддас] ворид шавед ва аз [неъматҳои] он, аз ҳар ҷо [ва ҳар вақт], ки хостед, бихӯред ва бо фурӯтанӣ аз дарвоза ворид шавед ва бигӯед: "[Парвардигоро, гуноҳонамонро] фурӯ рез". [Чунин бигӯед] То гуноҳонатонро биёмурзем ва [яқинан] бар [подоши] накукорон хоҳем афзуд

2:59 Он гоҳ ситамгарон ин суханро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, тағйир доданд [ва ба ҷояш калимоти масхараомезе гуфтанд]. Аз ин рӯ, бар ситамгарон, ба сазои ин нофармониашон, азобе аз осмон нозил кардем

2:60 Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо барои қавми хеш об хост, пас, гуфтем: "Асои худро бар санг бизан". Он гоҳ дувоздаҳ чашма аз он ҷӯшид ва ҳар гурӯҳе обнӯшгоҳи худро донист [ва гуфтем]: "Аз рӯзии Аллоҳ таоло бихӯред ва биёшомед ва дар замин ба фасод [ва табоҳӣ] накӯшед"

2:61 Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз тобу таҳаммули як навъ ғизоро надорем, пас, Парвардигори хешро бихон, то аз рӯиданиҳои замин, аз сабзиву бодиринг ва гандуму наск ва пиёз бароямон бирӯёнад". [Мӯсо] Гуфт: "Оё чизеро, ки пасттар аст, бо чизи беҳтар ҷойгузин мекунед? Ба шаҳре фуруд оед; зеро он чи ки хостед, дар он ҷо бароятон вуҷуд дорад" ва [чунин шуд, ки муҳри] зиллату бенавоӣ бар онон зада шуд ва сазовори хашми Аллоҳ таоло гардиданд, чаро ки онон ба оёти Аллоҳ таоло куфр меварзиданд ва паёмбаронро ба ноҳақ мекуштанд. Инҳо ба хотири он буд, ки гунаҳгору мутаҷовиз буданд