>

Маркази тарҷумаи Равод — 89

4:66 Ва агар [монанди Бани Исроил] бар онон муқаррар мекардем, ки "[нофармонони] худро бикушед ё аз хонаву шаҳратон берун биравед", ҷуз андаке аз эшон [ба он дастурҳо] амал намекарданд. Ва агар ба он чи андарз дода шуданд, амал мекарданд, бе тардид барояшон беҳтар ва дар пойдоришон [бар дин] муассиртар буд

4:67 Ва дар ин сурат, аз пешгоҳи худ подоши бузурге ба онон медодем

4:68 Ва ба роҳи рост ҳидояташон мекардем

4:69 Ва касе, ки Аллоҳ таоло ва паёмбарро итоат кунад, [рӯзи қиёмат] ҳамнишини касоне хоҳад буд, ки Аллоҳ таоло эшонро гиромӣ доштааст, [яъне] бо паёмбарону сиддиқон [тасдиқкунандагони паёмбар] ва шаҳидону солеҳон. Ва инон чи наку рафиқоне ҳастанд!

4:70 Ин фазлу бахшиш аз ҷониби Аллоҳ таоло аст ва ҳамин бас, ки Аллоҳ таоло [ба аҳволи бандагон] доност

4:71 Эй касоне, ки имон овардаед, силоҳи худро баргиред, сипас гурӯҳ-гурӯҳ ё як порча [барои ҷиҳод бо душман] раҳсипор гардед

4:72 Ва [эй мусулмонон] бе тардид, аз [миёни] шумо касе ҳаст, ки [ба хотири тарс аз ширкат дар майдони ҷиҳод] сустӣ меварзад ва агар мусибате ба шумо бирасад, мегӯяд: "Аллоҳ таоло ба ман лутф кард, ки ҳамроҳи онон [дар ҷанг] ҳозир набудам"

4:73 Ва [-ле] агар бахшишу ғанимате аз ҷониби Аллоҳ таоло ба шумо расад, чунонки гӯё ҳаргиз миёни шумо ва ӯ [робитаи] дӯстӣ набудааст, [бо ҳасрат] мегӯяд: "Эй кош, ман низ ҳамроҳи онон будам ва ба комёбии бузурге мерасидам"

4:74 Пас, касоне, ки зиндагии дунёро ба охират фурӯхтаанд,бояд дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кунанд ва ба ҳар касе, ки дар роҳи Аллоҳ таоло пайкор кунад, хоҳ кушта шавад ё пирӯз гардад, ба зудӣ подоши бузурге хоҳем дод