>

Маркази тарҷумаи Равод — 88

4:60 [Эй паёмбар] Оё афроде [аз яҳудиён]-ро надидаӣ, ки гумон мекунанд, ба он чи бар ту нозил шуда ва он чи пеш аз ту нозил шуда имон овардаанд, ва [-ле] мехоҳанд барои доварӣ назди Тоғут [ва ҳокимони худкома] раванд? Бо он ки ба эшон дастур дода шудааст, ки ба ӯ куфр варзанд, ва [-ле] шайтон мехоҳад ононро дар гумроҳии дуру дарозе қарор диҳад

4:61 Ва чун ба онон гуфта шавад: "Ба сӯйи он чи Аллоҳ таоло нозил кардааст [Қуръон] ва ба сӯйи паёмбари [Ӯ] биёед", мунофиқонро мебинӣ, ки аз ту сахт рӯй мегардонанд

4:62 Пас, чи гуна аст, ки вақте ба [сазои] корҳои бадашон мусибате ба онон мерасад, назди ту меоянд ва ба Аллоҳ таоло савганд ёд мекунанд, ки: "Манзури мо [аз додхоҳӣ назди дигарон чизе] ҷуз некӣ ва тавофуқ [миёни тарафайн] набудааст"?

4:63 Инон ҳамон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло медонад, ки чи дар дил доранд. Пас, [эй паёмбар] аз онон рӯй бигардон ва андарзашон бидеҳ ва бо баёни расо [натоиҷи] кирдорашонро ба эшон гӯшзад кун

4:64 Ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар барои ин ки ба фармони Аллоҳ таоло [мардум аз вай] итоат кунанд ва агар ҳангоме ки онон [бо гуноҳу нофармонӣ] бар хештан ситам мекарданд, [то зинда ҳастӣ] наздат меомаданд ва аз Аллоҳ таоло омурзиш мехостанд, бе тардид Аллоҳро тавбапазири меҳрубон меёфтанд

4:65 На! Савганд ба Парвардигорат, [эй Муҳаммад] ки онон имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофоташон туро довар қарор диҳанд ва аз доварии ту дар дили хеш эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд