Маркази тарҷумаи Равод — 87
4:52 Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ таоло лаънаташон кардааст ва ҳар киро Аллоҳ таоло лаънат кунад, ҳаргиз барояш ёваре нахоҳӣ ёфт
4:53 Оё онон баҳрае аз ҳукумат доранд? [Агар ҳам доштанд] Камтарин чизе ба мардум намедоданд
4:54 Оё ба мардум [Муҳаммад ва ёронаш] ба хотири он чи Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон бахшидааст, ҳасад меварзанд? Дар ҳақиқат, Мо [пештар низ] ба хонадони Иброҳим китобу ҳикмат додем ва ба онон фармонравоии бузурге бахшидем
4:55 Пас, бархе аз онон ба вай имон оварданд ва бархе аз онон аз ӯ рӯй гардонданд [пас, нисбат ба даъвати Муҳаммад низ чунин карданд] ва [барои ин кофирон] оташи афрӯхтаи дузах кофист
4:56 Бе гумон, касонеро, ки ба оёти мо куфр варзиданд, дар оташ [-и сӯзон] ворид хоҳем кард, ки ҳар чи пӯсташон бирён гардад, пӯстҳои дигаре ба ҷояш қарор медиҳем, то [таъми] азобро бичашанд. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шикастнопазири ҳаким аст
4:57 Ва касонеро, ки имон овардаанд ва корҳои шоиста анҷом додаанд, ба боғҳое [аз биҳишт] ворид хоҳем намуд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст; ҳамвора дар он хоҳанд монд ва дар он ҷо ҳамсарони покиза доранд ва ононро зери сояҳои густурда [ва анбӯҳ] ҷой медиҳем
4:58 Аллоҳ таоло ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро [ба таври комил] ба соҳибонашон бозгардонед ва ҳангоме ки миёни мардум доварӣ мекунед, ба адолат доварӣ кунед. Аллоҳ таоло ба амри нек пандатон медиҳад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло шунавои биност
4:59 Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ таоло ва паёмбар ва коргузорон [-у фармондеҳони мусулмони худ] итоат кунед ва агар дар чизе ихтилоф кардед, онро ба [Китоби] Аллоҳ таоло ва [Суннати] паёмбар бозгардонед. Агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи қиёмат имон доред, [яқин дошта бошед, ки] ин [бозгашт ва Қуръону Суннат бароятон] беҳтар ва хушфарҷомтар аст