Маркази тарҷумаи Равод — 86
4:45 Ва [эй муъминон] Аллоҳ таоло ба душманони шумо донотар аст ва кофӣ аст, ки Аллоҳ таоло ёр [-у корсозатон] бошад ва кофист, ки Аллоҳ таоло ёвар [-у мададгоратон] бошад
4:46 Бархе аз яҳудиён, калимоти [Аллоҳ таоло]-ро аз ҷойи худ таҳриф мекунанд ва бо печондани забони худ ва ба қасди таъна задан дар дин [бо даромехтани забони ибрӣ бо арабӣ ба паёмбар] мегӯянд: "Шунидем ва нофармонӣ кардем" ва "Бишнав, ки [кош] ношунаво гардӣ"! Ва [низ ба тамасхур мегӯянд]: "Роъино" [ки дар ибрӣ мафҳуми тавҳиномезе дорад]. Вале агар онон мегуфтанд: "Шунидем ва итоат кардем" ва "[суханони моро] бишнав ва ба мо муҳлат бидеҳ", ҳатман, барояшон беҳтар ва дурусттар буд. Вале Аллоҳ таоло ононро ба хотири куфрашон лаънат кардааст. Пас, ҷуз [гурӯҳи] андак имон намеоваранд
4:47 Эй аҳли китоб, ба он чи ки [бар Муҳаммад] нозил кардем ва китоби осмонӣ шуморо тасдиқ мекунад, имон биёваред, пеш аз он ки чеҳраҳоро маҳв кунем ва онҳоро [ҳамчун] пушти сарашон [софу зишт] бигардонем, ё эшонро ҳамчун асҳоби сабт [яҳудиёни нофармоне, ки рӯзи шанбе моҳӣ гирифтанд] лаънат кунем [ва ба шакли маймун дароварем] ва [бидонед, ки] фармони Аллоҳ таоло, ҳатман, ба вуқуъ мепайвандад
4:48 Бе гумон, Аллоҳ таоло ин гуноҳро, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, намебахшад ва ғайр аз онро – барои ҳар ки бихоҳад – мебахшад; ва ҳар ки ба Аллоҳ таоло ширк варзад, яқинан, гуноҳи бузург ба гардан гирифтааст
4:49 [Эй паёмбар] Оё надидӣ касонеро, ки хештанро пок мешуморанд [ва худситоӣ мекунанд? Чунин нест], балки Аллоҳ таоло ҳар киро бихоҳад пок мегардонад ва ба эшон ба андозаи зарраи ночиз [ҳатто ба андозаи нахи рӯйи ҳастаи хурмо] ситам намешавад
4:50 [Эй паёмбар] Бингар, ки чи гуна бар Аллоҳ таоло дурӯғ мебанданд! Ва ҳамин [амал ба унвони] гуноҳи ошкор кофӣ аст
4:51 Оё афроде [аз қавми яҳуд]-ро, ки баҳрае аз китоби [осмонӣ] ба онон дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] ба бутҳо ва маъбудони ботил имон меоваранд? [Ин афрод аз рӯйи дӯстӣ ва мадоро] Дар бораи касоне, ки куфр варзидаанд, мегӯянд: "Инон аз касоне, ки имон овардаанд, ҳидоятёфтатаранд"