>

Маркази тарҷумаи Равод — 85

4:38 Ва [низ барои] касоне, ки амволашонро барои [худнамоӣ ва] нишон додан ба мардум инфоқ мекунанд ва ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон надоранд [чунин шахсе ёри шайтон аст] ва касе,ки шайтон ҳамдамаш бошад, чи бад ҳамдаме дорад!

4:39 Ва барои онон чи зиёне дошт, агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон меоварданд ва аз он чи Аллоҳ таоло ба онон рӯзӣ додааст, инфоқ мекарданд? Ва Аллоҳ таоло ба [ҳолу аъмоли] эшон доност

4:40 Бе гумон, Аллоҳ таоло ба андозаи заррае [ба бандагонаш] ситам намекунад ва агар кори неке бошад, онро дучандон мекунад ва аз пешгоҳи худ [ба онон] подоши бузурге ато мекунад

4:41 Ва ҳол [-у рӯзи нобоварон] чи гуна бошад, он гоҳ, ки аз ҳар уммате шоҳидеро [ки паёмбари ҳамон уммат бошад] ба миён меоварем ва туро [низ эй паёмбар, дар бораи иблоғи паёми илоҳӣ] бар инон гувоҳ меоварем

4:42 Он рӯз касоне, ки кофир шуданд ва аз паёмбар нофармонӣ карданд, орзу мекунанд, ки эй кош, бо хок яксон мешуданд ва ҳеҷ суханеро наметавонанд аз Аллоҳ таоло пинҳон кунанд

4:43 Эй касоне, ки имон овардаед, дар ҳоли мастӣ ба намоз наистед, то замоне, ки бидонед чи мегӯед ва [ҳамчунин] ҳангоме ки ҷунуб ҳастед, то ғусл накардаед, ба намоз [ва масҷид] наздик нашавед, магар он ки раҳгузар бошед. Ва агар бемор ё мусофир будед, ё яке аз шумо аз макони қазои ҳоҷат омад ё бо занон омезиш кардед ва [барои вузу ё ғусл] об наёфтаед, пас, [бояд] бо хоки пок таяммум кунед, [ба ин равиш, ки] чеҳра ва дастҳоятонро [бо он] маҳс намоед. Бе гумон, Аллоҳ таоло бахшояндаи омурзгор аст

4:44 [Эй паёмбар] Оё касоне [аз яҳудиён]-ро, ки баҳрае аз китоб ба онҳо дода шудааст, надидаӣ [ки чи гуна] гумроҳиро мехаранд ва мехоҳанд шумо [муъминон низ монанди эшон] гумроҳ шавед