Маркази тарҷумаи Равод — 84
4:34 Мардон бар занон сарпарасту нигаҳбонанд, ба хотири он ки Аллоҳ таоло бархе аз эшонро бар бархе бартарӣ додааст ва [низ] ба хотири он ки аз амволи хеш [барои занон] харҷ мекунанд. Пас, занони солеҳ, [ононад, ки ҳам аз Аллоҳ таоло ва ҳам аз шавҳаронашон] фармонбардоранд [ва] ба поси он чи Аллоҳ таоло [барояшон] ҳифз кардааст [асрору ҳуқуқи шавҳарони худро] дар ғайби [онон] ҳифз мекунанд. Ва [эй шавҳарон] ба заноне, ки аз нофармониашон бим доред, панду андарз диҳед, [агар фармонбардор нашуданд] дар бистар аз эшон дурӣ кунед [ва агар таъсир накард], ононро [тавре, ки озор набинанд] бизанед. Пас, агар аз шумо итоат карданд, ҳеҷ роҳе [барои баҳонаҷӯӣ ва сарзаниш] бар онҳо маҷӯед [ва бидонед, ки] ба ростӣ, Аллоҳ таоло баландмартабаи бузург аст
4:35 Ва [шумо, эй сарпарастони зану мард] агар аз ихтилофу ҷудоӣ миёни он ду [зану шавҳар] бим доштед, пас, як довар аз хонаводаи шавҳар ва як довар аз хонаводаи зан [таъйин кунед ва барои тасмимгирӣ] бифиристед. Агар ин ду [довар] қасди ислоҳ [ва оштӣ байни завҷайн] дошта бошанд, Аллоҳ таоло миёни он ду [зану шавҳар] созгорӣ хоҳад дод. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои огоҳ аст
4:36 Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед ва ба падару модар некӣ кунед ва [низ] ба хешовандону ятимон ва тиҳидастону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи ғайри хешованд ва ҳамнишину [мусофири] дар роҳмонда ва [канизону] бардагоне, ки молики онҳо ҳастед [некӣ кунед ва бидонед, ки] яқинан, Аллоҳ таоло касеро, ки мутакаббир ва фахрфурӯш бошад, дӯст намедорад
4:37 [Ҳамон] Касоне, ки бухл меварзанд ва мардумро ба бухл вомедоранд ва он чи [аз сарвату дониш]-ро, ки Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон бахшидааст, пинҳон мекунанд. Ва мо барои кофирон [ва носипосон] азоби хоркунанда муҳайё кардаем