>

Маркази тарҷумаи Равод — 83

4:27 Ва Аллоҳ таоло мехоҳад тавбаи шуморо бипазирад [ва аз олудагии гуноҳ покатон намояд], ва [-ле] касоне, ки пайрави шаҳавот ҳастанд, мехоҳанд, ки шумо дастхуши инҳирофи бузурге шавед

4:28 Аллоҳ таоло [бо ташреъи ин аҳком] мехоҳад бар шумо осон гирад. Ва инсон нотавон офарида шудааст

4:29 Эй касоне, ки имон овардаед, амволи якдигарро ба ботил [ва аз роҳҳои номашруъе ҳамчун ғасбу дуздӣ ва ришва] нахӯред, магар ин ки тиҷорате бо ризоияти шумо [анҷом гирифта] бошад; ва [ҳамчунин] якдигарро накушед ва худкушӣ накунед; ҳамоно Аллоҳ таоло [нисбат] ба шумо меҳрубон аст [ва шуморо аз ин корҳо боз медорад]

4:30 Ва ҳар ки [огоҳона ва] аз рӯйи таҷовуз ва ситам чунин кунад, пас, ба зудӣ ӯро дар оташ [-и сӯзон] дармеоварем ва ин [кор] барои Аллоҳ таоло осон аст

4:31 [Эй муъминон] Агар аз гуноҳони бузурге, ки аз он наҳй шудаед, дурӣ кунед, гуноҳон [-и сағиратон]-ро аз шумо мезудоем ва шуморо дар ҷойгоҳи шоистаи [биҳишт] ворид мекунем

4:32 [Эй муъминон] Он чиро, ки Аллоҳ таоло ба василаи он бархе аз шуморо бар бархе дигар бартарӣ додааст, орзу макунед [то дучори ҳасад нашавед]. Мардон аз он чи ба даст овардаанд, [подошу] баҳрае доранд ва занон [низ] аз он чи ба даст овардаанд, [аҷру] баҳрае доранд ва аз бахшиши Аллоҳ таоло [чизе] бихоҳед. Бе тардид, Аллоҳ таоло ба ҳар чизе доност

4:33 Мо барои ҳар кас ворисоне қарор додаем, ки аз он чи падару модар ва хешовандон бар ҷой гузоштаанд, ирс бибаранд ва [низ] ба касоне, ки [бо онон] паймони [бародарӣ ва ёрӣ] бастаед, саҳмашонро [аз ирс] бидиҳед. Бе гумон, Аллоҳ таоло бар ҳар чизе гувоҳ аст