Маркази тарҷумаи Равод — 82
4:24 Занони шавҳардор [бар шумо ҳароманд], магар заноне, ки [канизатон ҳастанд ва шумо] молики онҳо шудаед. [Ин] Фаризаи илоҳист, ки бар шумо муқаррар доштааст ва ғайр аз инҳо [ки гуфта шуд], бароятон ҳалол аст, дар ҳоле ки покдоманӣ меварзед ва зинокор нестед, бо амволи худ [занони дигарро] талаб кунед. Пас, он заноне, ки [ба издивоҷ даровардед ва] аз онон ком гирифтед, бояд маҳрияашонро ба унвони фаризае ба онон бидиҳед ва дар мавриди он чи баъд аз таъйини маҳрия [дар мавриди бешу ками он] бо якдигар тавофуқ мекунед, гуноҳе бар шумо нест. Бе гумон, Аллоҳ таоло донои ҳаким аст
4:25 Ва ҳар як аз шумо аз лиҳози молӣ тавоноии издивоҷ бо занони озодаи муъминро надорад, пас, бо канизакони боимоне, ки дар ихтиёри шумо [ё дигар мусулмонон] ҳастанд [издивоҷ кунад]. Ва Аллоҳ таоло ба имонатон донотар аст. [Шумо ва онон] Ҳамагӣ аз ҷинси якдигаред [ва бо якдигар баробаред], пас, бо иҷозати сарпарасташон бо онон издивоҷ кунед ва маҳрияҳояшонро ба таври писандида ба эшон бидиҳед, [ба шарти он ки] покдоман бошанд на зинокор ва на [дар зумраи] касоне, ки пинҳонӣ [барои худ] дӯст мегиранд. Он гоҳ чун издивоҷ карданд, агар муртакиби зино шуданд, пас, муҷозоташон [панҷоҳ тозиёна, яъне] нисфи муҷозоти занони озод аст. Ин [иҷозати издивоҷ бо канизон] барои касе аз шумост, ки аз олоиш ба гуноҳ битарсад, ва [-ле дар мавриди издивоҷ бо канизон] агар шикебоӣ [ва покдоманӣ] пеша кунед, бароятон беҳтар аст ва Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст
4:26 Аллоҳ таоло мехоҳад, ки [аҳкоми хешро] бароятон равшан созад ва шуморо ба роҳу равиши касоне, ки пеш аз шумо буданд, роҳнамоӣ кунад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст