>

Маркази тарҷумаи Равод — 81

4:20 Агар хостед ҳамсар [-и дигаре] ба ҷойи ҳамсар [-и пешини худ] баргузинед ва ба яке аз онон моли фаровоне [ба унвони маҳрия] пардохтаед, чизе аз онро пас нагиред. Оё мехоҳед он [мол]-ро ба буҳтон ва гуноҳи ошкор бозпас бигиред?

4:21 Ва чи гуна он [маҳрия]-ро бозпас мегиред, дар ҳоле ки аз якдигар баҳраманд шудаед [ва аз асрори якдигар огоҳед] ва онон [ҳангоми ақди издивоҷ] аз шумо паймони маҳкаму устувор гирифтаанд

4:22 Ва бо заноне, ки падаронатон [бо онҳо] издивоҷ кардаанд, [пас аз марги падар] издивоҷ накунед, магар он чи [аз ин навъ издивоҷ, ки дар замони ҷоҳилият рух дода ва] бахшида шудааст, [чаро ки] бе тардид, ин кор амали зишту танаффурангез ва роҳи нодуруст аст

4:23 [Издивоҷ бо ин афрод] Бар шумо ҳаром шудааст: модару духтар ва хоҳару амма ва холаву духтари бародару духтари хоҳар, модаре, ки ба шумо шир додааст ва хоҳари разоӣ ва модари зану духтари ҳамсаре, ки [он духтар] дар хонаи шумо парвариш ёфтааст ва бо он ҳамсар ҳамбистар шудаед – вале агар бо он зан омезиш накардаед, гуноҳе нест [ки бо духтараш издивоҷ кунед] – ҳамчунин, ҳамсари писаратон, ки аз пушти худатон аст ва издивоҷ бо ду хоҳар [низ бар шумо ҳаром аст], магар он чи [аз ин навъ издивоҷ, ки дар замони ҷоҳилият рух дода ва] бахшида шудааст, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст