>

Маркази тарҷумаи Равод — 80

4:15 Ва касоне аз занони шумо, ки муртакиби зино мешаванд, чаҳор нафар [марди одил] аз худатонро бар онон гувоҳ гиред. Пас, агар гувоҳе доданд, он занонро дар хонаҳо нигаҳ доред, то маргашон фаро расад ё Аллоҳ таоло роҳе барояшон қарор диҳад

4:16 Аз миёни шумо он марду зане, ки муртакиби он [амали зишт] мешаванд, [бо танбеҳу тавбих] озорашон диҳед. Пас, агар тавба карданд ва дурусткор шуданд, аз эшон сарфи назар кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло тавбапазири меҳрубон аст

4:17 Ҷуз ин нест, ки [пазириши] тавба аз сӯйи Аллоҳ таоло барои касонест, ки аз рӯйи нодонӣ кори ношоистае анҷом медиҳанд, он гоҳ ба зудӣ [ва пеш аз фаро расидани марг] тавба мекунанд. Инонанд, ки Аллоҳ таоло тавбаашонро мепазирад ва Аллоҳ таоло донои ҳаким аст

4:18 Ва барои касоне, ки [то поёни умр ҳамвора] муртакиби корҳои ношоиста мешаванд ва ҳангоме ки марги яке аз онон фаро мерасад мегӯяд: "Акнун тавба кардам" [ҳеҷ] тавба [ва бахшише дар кор] нест ва на барои касоне, ки дар ҳоли куфр мемиранд. Инон ҳастанд, ки барояшон азоби дардноке муҳайё сохтаем

4:19 Эй касоне, ки имон овардаед, барои шумо ҳалол нест, ки занон [-и падаронатон]-ро бар хилофи майлашон ба ирс баред [ё маҷбур ба издивоҷ бо дигарон кунед] ва [дар мавриди ҳамсарони худатон низ ҳукм ин аст, ки] ононро зери фишор қарор надиҳед, то бархе аз он чиро, ки [ба унвони маҳрия] ба эшон додаед, пас бигиред, магар ин ки муртакиби амали ношоистаи ошкоре [монанди зино] шаванд. [Аммо дар мавриди занони покдомани худ накугуфтор бошед] Ва бо онҳо ба таври шоиста рафтор кунед ва агар аз онон [хушатон наёмад ва] кароҳат доштед, пас, [шикебоӣ кунед]. Чи басо чизеро хуш намедоред ва Аллоҳ таоло хайри бисёре дар он қарор медиҳад