>

Маркази тарҷумаи Равод — 8

2:49 Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки шуморо аз чанголи фиръавниён наҷот додем. [Онон] Бадтарин азобро бар саратон меоварданд: Писаронатонро мекуштанд ва занонатонро [барои канизӣ] зинда нигаҳ медоштанд ва дар инҳо озмоиши бузурге аз ҷониби Парвардигоратон барои шумо буд

2:50 Ва [ба ёд оваред] ҳангоме ки дарёро бароятон шикофтем ва шуморо наҷот додем ва фиръавниёнро, дар ҳоле ки [ба азоби онҳо бо чашми худ] менигаристед, ғарқ сохтем

2:51 Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки [барои нузули Таврот] чиҳил шаб бо Мӯсо ваъда гузоридем, он гоҳ шумо баъд аз ӯ гӯсоларо [ба парастиш] гирифтед, дар ҳоле ки [нисбат ба хештан] ситамгор будед

2:52 Сипас шуморо баъд аз он [гуноҳ] бахшидем; бошад, ки сипосгузорӣ кунед

2:53 Ва [низ ба ёд оваред] ҳангоме ки ба Мӯсо китоби [Таврот] – ро, ки ҷудокунанда [-и ҳақ аз ботил] аст, ато кардем; бошад, ки ҳидоят шавед

2:54 Ва [ба ёд оваред] замонеро, ки Мӯсо ба қавми худ гуфт: "Эй қавми ман, шумо бо интихоби гӯсола [барои парастиш] ба худ ситам кардаед, пас, ба сӯйи Офаридгори худ бозгардед ва тавба кунед ва [хатокорони] худро бикушед. Ин кор барои шумо дар пешгоҳи Парвардигоратон беҳтар аст". Он гоҳ Аллоҳ таоло тавбаи шуморо пазируфт. Ба ростӣ, ки Ӯ тавбапазиру меҳрубон аст

2:55 Ва [ба ёд оваред] ҳангомеро ки гуфтед: "Эй Мӯсо, мо ҳаргиз ба ту имон намеоварем, магар ин ки Аллоҳро ошкоро бубинем". Пас, соиқа [оташак] шуморо дар ҳоле гирифт, ки [азоби худро бо чашми хеш] менигаристед

2:56 Сипас шуморо пас аз маргатон барангехтем, бошад, ки сипосгузорӣ кунед

2:57 Ва абрро бар шумо соябон қарор додем ва манну салво [шаҳду бедона] бароятон фурӯ фиристодем [ва гуфтем]: "Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рӯзӣ додаем, бихӯред" [вале куфр варзидед]. Онон [бо носипосиву нофармонӣ] ба мо ситам накарданд, балки ба худ ситам раво доштанд