>

Маркази тарҷумаи Равод — 79

4:12 Ва [эй шавҳарон] агар ҳамсаронатон фарзанде надошта бошанд, ниме аз тарака барои шумост ва агар фарзанде дошта бошанд, як чаҳоруми [чаҳоряк] тарака аз они шумост. [Албатта] Пас аз [амал ба] васияте, ки кардаанд ё [пардохти] воме, ки доранд. Ва агар шумо фарзанде надошта бошед, як чаҳоруми таракаи шумо барои занонатон аст ва агар фарзанде дошта бошед, як ҳаштуми таракаи шумо аз они эшон аст. [Албатта] Пас аз амал ба васияте, ки кардаед ва [пардохти] воме [ки доред]. Ва агар мард ё зане, ки аз ӯ ирс мебаранд, падар ё фарзанд надошта бошад [калола бошад] ва бародар ё хоҳар дошта бошад, пас, барои ҳар як аз онон як шашуми [тарака] аст. Ва агар [хешовандони чунин шахсе] беш аз ин [ду нафар] бошанд, дар ин сурат, дар як савум [аз тарака] шариканд. [Албатта] Пас аз анҷоми васияте, ки бад-он супориш шуда ё воме, ки [бояд пардохт гардад, ба шарти он ки аз ин тариқ], зиёне [ба ворисон] нарасонад. [Ин ҳукм] Супориши Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло донои бурдбор аст

4:13 Инҳо ҳудуди илоҳӣ аст ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш итоат кунад, вайро ба боғҳое дармеоварад, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорӣ аст, дар он ҷовидонаанд ва ин ҳамон комёбии бузург аст

4:14 Ва ҳар ки аз Аллоҳ таоло ва паёмбараш нофармонӣ намояд ва аз ҳудуди Ӯ таҷовуз кунад, вайро дар оташе ворид мекунад, ки ҷовидона дар он хоҳад монд ва барояш азоби хоркунанда [дар пеш] аст