>

Маркази тарҷумаи Равод — 78

4:7 Мардон аз он чи падару модар ва хешовандон [ба унвони ирс] бар ҷой гузоштаанд, саҳме доранд ва занон [низ] аз он чи падару модар ва хешовандон бар ҷой гузоштаанд, саҳме доранд – хоҳ он [мол] кам бошад ё зиёд. [Чунин] Баҳрае [аз ҷониби Аллоҳ таоло] муайян [ва муқаррар шуда] аст

4:8 Ва ҳар гоҳ хешовандон [-и ғайри ворис] ва ятимону тиҳидастон бар тақсими [мерос] ҳозир шаванд, [пеш аз тақсим чизе] аз он [амволро аз боби истиҳбоб] ба онон бидиҳед ва ба шоистагӣ бо эшон сухан бигӯед

4:9 Ва касоне, ки агар фарзандони нотавоне аз худ бар ҷой бигзоранд, бар [ояндаи] онон бим доранд, бояд [аз ситам дар бораи ятимони мардум низ] битарсанд. Пас, бояд аз Аллоҳ таоло парво кунанд [битарсанд] ва сухани [санҷида ва] дуруст бигӯянд

4:10 Дар ҳақиқат, касоне, ки амволи ятимонро ба ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки оташ дар шиками хеш фурӯ мебаранд ва ба зудӣ ба оташе барафрӯхта дармеоянд

4:11 Аллоҳ таоло дар бораи фарзандонатон ба шумо супориш мекунад: Саҳми писар монанди саҳми ду духтар аст. Ва агар [ворисон ду духтар ё] бештар аз ду духтар бошад, саҳми онон ду савуми тарака аст. Ва агар фақат як духтар бошад, саҳми ӯ нисфи тарака аст. Агар [майит] фарзанд дошта бошад, барои ҳар як аз падару модараш, як шашуми тарака аст ва агар фарзанд надошта бошад ва [танҳо] падару модараш аз ӯ ирс бибаранд, дар ин сурат, барои модараш як савум [сеяк] аст [ва барои падар ду савум] ва агар ӯ [майит] бародароне дошта бошад, саҳми модараш як шашум [шашяк] аст. [Ин тақсими мерос] Пас аз амал ба васиятест, ки карда ва ё [пардохти] воме [ки дорад анҷом мегирад]. Шумо намедонед, ки падаронатон ва [ё] фарзандонатон, кадом як бароятон судмандтар аст. [Ин аҳком] Фариза [-и муайян ва муқаррар] аз ҷониби Аллоҳ таоло аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло донои ҳаким аст