>

Маркази тарҷумаи Равод — 77

4:1 Эй мардум, аз Парвардигоратон парво кунед [битарсед], [ҳамон зоте] ки шуморо аз як тан офарид ва ҳамсарашро [низ] аз ӯ офарид ва аз [насли] он ду мардону занони бисёре пароканд. Ва аз Парвардигоре, ки ба [номи] Ӯ аз якдигар дархост мекунед, парво [тақво] намоед ва аз [гусастани] пайванди хешовандӣ бипарҳезед. Бе гумон, Аллоҳ таоло ҳамвора муроқиб [-у нигаҳбони] шумост

4:2 Ва [эй сарпарастон] амволи ятимонро [пас аз булуғу рушд] ба эшон бозгардонед ва [моли камарзишу] номарғуб [-и худ]-ро бо [моли арзишманду] марғуб [-и онон] иваз накунед ва амволи эшонро ҳамроҳи амволи худ нахӯред. Ба ростӣ, ки ин [кор] гуноҳи бузурге аст

4:3 Ва агар тарсидед, ки [ба хотири костан аз маҳрия ё бадрафторӣ] натавонед адолатро дар ҳаққи духтарони ятим риоя намоед, [аз издивоҷ бо онон сарфи назар кунед ва] аз занон [-и дигар]-е, ки мавриди писанди шумост, [як ё] ду ва [ё] се ва [ё] чаҳор танро ба ҳамсарӣ дароваред. Пас, агар бим доред, ки натавонед адолат кунед, ба як [зан] ё ба он чи [аз канизон], ки молики онҳоед [иктифо намоед]. Ин [кор] наздиктар аст ба ин, ки ситам накунед

4:4 Ва маҳрияи занонро ба унвони ҳадя [ва фаризаи илоҳӣ] бо хушдилӣ ба онон бидиҳед. Пас, агар онон чизе аз онро бо ризояти хотир ба шумо бахшиданд, онро хушу гуворо бихӯред

4:5 Ва ба камхирадоне, ки Аллоҳ таоло шуморо ба сарпарастии онон гумоштааст, амволашонро надиҳед ва аз [даромади] он ба эшон хӯроку пӯшок диҳед ва бо онон ба шоистагӣ сухан бигӯед

4:6 Ва ятимонро [аз лиҳози тавоноӣ бар муроқибат аз амволашон] биозмоед то вақте ба [синни] издивоҷ бирасанд, пас, агар дар эшон рушд [-и фикрии кофӣ] ёфтед, амволашонро ба онон бидиҳед ва онро [аз бими он ки мабодо] бузург шаванд [ва аз шумо пас бигиранд], ба исрофу шитоб махӯред. Ва ҳар ки бениёз аст, бояд [аз гирифтани уҷрату музди сарпарастӣ] худдорӣ кунад ва ҳар ки ниёзманд аст, бояд ба тарзи шоиста [ва мутобиқи урф аз он] бихӯрад. Пас, ҳар гоҳ амволашонро ба онон боз гардондед, бар эшон гувоҳ бигиред ва [бидонед] Аллоҳ таоло барои ҳисобрасӣ кофӣ аст