>

Маркази тарҷумаи Равод — 76

3:195 Пас, Парвардигорашон дуои ононро иҷобат кард [ва фармуд]: "Ман [подоши] амали ҳеҷ соҳибамале аз шуморо – аз мард ё зан – ки ҳамнавъи якдигаред, табоҳ намекунам; пас, касоне, ки [аз ватани худ] ҳиҷрат кардаанд ва [ё] аз хонаҳои худ ронда шудаанд ва дар роҳи ман озор дидаанд ва ҷангидаанд ва кушта шудаанд, ҳатман, бадиҳояшонро аз онон мезудоям ва [ба унвони] подоше аз ҷониби Аллоҳ таоло эшонро дар боғҳое дармеоварам, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист ва Аллоҳ таоло аст, ки подоши наку назди Ӯст

3:196 [Эй паёмбар] Рафтуомади кофирон [барои тиҷорат] дар шаҳрҳо [ва молу мақоми онон] туро нафиребад

3:197 [Ин] Баҳрамандии ночизест; сипас ҷойгоҳашон дузах аст ва чи бад ҷойгоҳе аст!

3:198 Аммо касоне, ки тақвои Парвардигорашонро намудаанд, [дар биҳишт] боғҳое доранд, ки аз зери [дарахтони] он ҷӯйборҳо ҷорист [ва] ҷовидона дар он мемонанд. [Ин] Пазироӣ аз ҷониби Аллоҳ таоло [муҳайё шуда] аст ва он чи назди Аллоҳ таоло аст, барои накукорон беҳтар аст

3:199 Ва касоне аз аҳли китоб ҳастанд, ки ба Аллоҳ таоло ва он чи бар шумо нозил шуда ва он чи бар худашон нозил шудааст, имон доранд; дар баробари Аллоҳ таоло фурӯтан ҳастанд ва оёти Аллоҳро ба баҳои ночизе намефурушанд. Инонанд, ки подошашон назди Парвардигорашон [маҳфуз] аст. Ба ростӣ, ки Аллоҳ таоло дар ҳисобрасӣ сареъ аст

3:200 Эй касоне, ки имон овардаед, [бар таколифи динӣ ва ранҷҳои дунявӣ] шикебоӣ варзед ва [дар баробари душманон] пойдор бошед ва парҳезгорӣ пеша кунед; бошад, ки растагор шавед