Маркази тарҷумаи Равод — 75
3:187 Ва [эй паёмбар, ёд кун] ҳангоме ки Аллоҳ таоло аз касоне, ки китоби [осмонӣ] ба онон дода шуда буд, паймон гирифт, ки: "Ҳатман, [омӯзаҳои ҳидоятбахши] онро барои мардум баён намоед ва [он чиро, ки нубуввати Муҳаммад хабар медиҳад] китмон [пинҳон]-аш накунед"; ва [-ле] он [аҳд]-ро пушти сари хеш андохтанд [бад-он таваҷҷуҳе накарданд] ва ба баҳои андаке [ҳамчун молу мақом] фурӯхтанд. Чи бад аст, он чи мехаранд!
3:188 Касоне, ки аз аъмоли [зишти] худ хушнуд мегарданд ва дӯст доранд дар муқобили кор [-и нек] -е, ки анҷом надодаанд, мавриди ситоиш қарор гиранд, гумон мабар, ки аз азоб [-и илоҳӣ] барканоранд; [балки] барои онон азоби дардноке [дар пеш] аст
3:189 Фармонравоии осмонҳо ва замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба ҳар чизе тавоност
3:190 Ба ростӣ, дар офариниши осмонҳо ва замин ва омадушуди шабу рӯз нишонаҳо [и ошкор]-е барои хирадмандон аст
3:191 [Ҳамон] Касоне, ки Аллоҳро [дар ҳамаи аҳвол] истода ва нишаста ва бар паҳлу орамида, ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳо ва замин меандешанд [ва мегӯянд]: "Парвардигоро, инҳоро беҳуда наофаридаӣ; муназзаҳӣ Ту. Пас, моро аз азоби оташ [-и дузах] нигаҳ дор
3:192 Парвардигоро, касеро, ки Ту ба оташ [-и дузах] дароварӣ, яқинан, хору расвояш кардаӣ ва ситамгорон [ҳеҷ] ёваре надоранд
3:193 Парвардигоро, мо шунидем, даъватгаре ба имон фаро мехонад, ки: "Ба Парвардигори худ имон оваред". Пас, мо имон овардем. Парвардигоро, пас, гуноҳонамонро бибахш ва бадиҳоямонро бипӯшон ва моро дар зумраи некон бимирон
3:194 Парвардигоро, он чиро, ки ба василаи фиристодагонат ба мо ваъда додаӣ, ба мо ато кун ва дар рӯзи қиёмат расвоямон магардон. Бе тардид, Ту хилофи ваъда намекунӣ"