Маркази тарҷумаи Равод — 74
3:181 Бе тардид, Аллоҳ таоло сухани касонеро шунид, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло фақир аст ва [аз мо қарз мехоҳад ва] мо бениёзем". [Мо ин] Гуфторашон ва [низ] қатли ноҳаққи паёмбаронро хоҳем навишт ва рӯзи қиёмат ба [онон] мегӯем: "Азоби сӯзон [-и дӯзах]-ро бичашед"
3:182 [Эй яҳудиён] Ин [муҷозот] ба хотири кирдори пешини шумост; ва [-гарна] Аллоҳ таоло ҳаргиз ба бандагони [худ] ситамгор нест
3:183 [Ин яҳудиён ҳамон] Касоне ҳастанд, ки гуфтанд: "Аллоҳ таоло бо мо аҳду паймон бастааст, ки ба ҳеҷ паёмбаре имон наёварем, то [фиристодае ҳамроҳи худ] бароямон қурбоние биёварад, ки оташ [-и аз соиқа бархоста] онро [ба нишонаи пазириш] бисӯзонад". [Эй паёмбар, ба онон] Бигӯ: "Ҳатман, пеш аз ман паёмбароне буданд, ки далоили ошкорро ҳамроҳи он чи гуфтед, бароятон оварданд. Агар рост мегӯед, пас, чаро ононро куштед"?
3:184 Пас, агар [яҳудиён ва кофирон] такзибат карданд, [ғамгин мабош ва бидон] паёмбароне, ки пеш аз ту буданд ва муъҷизоту навиштаҳо ва китобҳои равшангар оварда буданд, [низ] такзиб шуданд
3:185 Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест
3:186 [Эй муъминон] Бе тардид шумо дар [мавриди базли] амволу ҷонҳоятон озмоиш мешавед ва [ҳамчунин] аз касоне, ки пеш аз шумо ба онон китоби [осмонӣ] дода шудааст [яҳудиён ва масеҳиён] ва [низ] аз касоне, ки ширк варзиданд, суханони озордиҳандаи бисёре хоҳед шунид; ва [аммо] агар сабр кунед ва тақво пеша созед, [шоистатар аст; зеро] ин [истодагӣ] баёнгари азми устувор [-и шумо] дар корҳост