Маркази тарҷумаи Равод — 73
3:174 Пас ба неъмату фазли Аллоҳ таоло [аз Ҳамро-ул-асад ба Мадина] бозгаштанд, дар ҳоле ки ҳеҷ осебе ба онон нарасида буд ва ҳамчунон дар пайи [касби] хушнудии Аллоҳ таоло буданд; ва Аллоҳ таоло фазлу бахшиши бузурге дорад
3:175 Дар ҳақиқат, ин шайтон аст, ки [шуморо аз ҳайбати] дӯстонаш метарсонад, пас, агар имон доред, аз онон [мушрикон] натарсед ва аз ман битарсед
3:176 Ва [эй паёмбар] касоне, ки дар [ёрӣ кардани] куфр мешитобанд, туро андӯҳгин насозанд. Яқинан, онон ҳаргиз зиёне ба Аллоҳ таоло намерасонанд. Аллоҳ таоло мехоҳад, ки баҳрае барояшон дар охират қарор надиҳад ва азоби бузург [дар пеш] доранд
3:177 Ба ростӣ, касоне, ки куфрро ба [баҳои] имон хариданд, ҳаргиз ба Аллоҳ таоло зиёне намерасонанд ва азоби дардноке [дар пеш] доранд
3:178 Ва касоне, ки кофир шуданд, мапиндоранд, ки чун ба онон муҳлат медиҳем ба судашон аст. Ҷуз ин нест, ки ба онон муҳлат медиҳем, то бар гуноҳи [худ] бияфзоянд ва азоби хоркунандае [пурдарде дар пеш] доранд
3:179 [Эй муъминон] Чунин набуд [ва аз ҳикмати илоҳӣ нест], ки Аллоҳ таоло муъминонро бар ин ҳол, ки шумо ҳастед [во гузорад ва муъмину мунофиқро дар канори якдигар] раҳо созад, [балки шуморо бо таколифу озмоишҳои гуногун меозмояд] то палидро аз пок ҷудо кунед; ва чунин набуд, ки Аллоҳ таоло [барои бозшиносии муъминон аз мунофиқон] шуморо аз [асрори] ғайб огоҳ кунад; вале Аллоҳ таоло аз миёни фиристодагонаш ҳар киро бихоҳад, бармегузинад [ва ӯро бар бахше аз ғайб огоҳ мекунад]; пас, ба Аллоҳ таоло ва фиристодагонаш имон биёваред; ва агар имон биёваред ва тақво пеша кунед, подоши бузурге бароятон [дар пеш] аст
3:180 Ва касоне, ки ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли хеш ба онон додааст, бухл меварзанд, гумон накунанд, ки он [бухл] барояшон хайр аст; балки барояшон шар аст. Дар рӯзи қиёмат он чи ба он бухл меварзиданд, тавқи гарданашон хоҳад шуд [ва бо он азоб мешаванд]; ва мероси осмонҳову замин аз они Аллоҳ таоло аст ва Аллоҳ таоло ба он чи мекунед, огоҳ аст