Маркази тарҷумаи Равод — 72
3:166 Ва рӯзе, ки [дар ҷанги Уҳуд] ду гурӯҳ [муъминон ва кофирон] бо ҳам бархӯрд карданд, он чи ба шумо расид, ба фармони Аллоҳ таоло буд [то шуморо биёзмояд] ва муъминонро маълум дорад
3:167 Ва касонеро, ки нифоқ варзиданд [низ] маълум дорад, ки [чун] ба эшон гуфта шуд: "Биёед, дар роҳи Аллоҳ таоло биҷангед ё [аз хонавода ва қабилаатон] дифоъ кунед". Гуфтанд: "Агар медонистем, ҷанге рӯй хоҳад дод, ҳатман, аз шумо пайравӣ мекардем". Онон дар он ҳангом ба куфр наздиктар буданд то имон; ба забони хеш чизе мегӯянд, ки дар дилҳояшон нест ва Аллоҳ таоло ба он чи [дар дил] пинҳон мекунанд, огоҳтар аст
3:168 Касоне, ки [худ дар хона] нишастанд [аз ҷиҳод сар боз заданд] ва дар бораи бародарони худ гуфтанд: "Агар онҳо аз мо пайравӣ мекарданд, кушта намешуданд". [Эй паёмбар, ба ин мунофиқон] Бигӯ: "Агар рост мегӯед, пас, маргро аз худ дур созед"
3:169 Ҳаргиз касонеро, ки дар роҳи Аллоҳ таоло кушта шудаанд, мурда мапиндор; балки зиндаанд ва назди Парвардигорашон рӯзӣ дода мешаванд
3:170 Онон ба он чи Аллоҳ таоло аз фазли худ ба эшон додааст, шодмонанд ва барои [саранҷоми неки] касоне, ки [роҳи] ононро пай гирифтаанд ва [ҳанӯз] ба онон напайвастаанд, шодӣ мекунанд; чаро ки [ҳеҷ як аз] эшон тарсу андӯҳе нахоҳанд дошт
3:171 [Ҳамчунин] Ба неъмату фазли Аллоҳ таоло шодмонанд ва ин ки [мебинанд] Аллоҳ таоло подоши муъминонро зоеъ намекунад
3:172 Касоне, ки даъвати Аллоҳ таоло ва паёмбарро – пас аз он ки [дар ғазваи Уҳуд] ба онон ҷароҳат [ва сахтии бисёр] расид – иҷобат карданд [ва барои таъқиби мушрикон ба сӯйи "Ҳамро-ул-асад" рафтанд], барои [он идда аз] эшон, ки некӣ ва парҳезкорӣ карданд, подоши бузурге [дар пеш] аст
3:173 Ҳамон касоне, ки бархе [аз мушрикон] ба онон гуфтанд: "Мардум [-и Макка] барои [ҷанг бо] шумо гирд омадаанд; пас, аз онҳо битарсед" ва [аммо ин сухан] бар имонашон афзуд ва гуфтанд: "Аллоҳ таоло барои [муҳофизат аз] мо бас аст ва [Ӯ] беҳтарин [муроқиб ва] коргузор аст"